САҲА низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Си нигаронӣ дорад

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Созмони амнияту ҳамкории Аврупо низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ дорад. Бино ба маълумоти хадамоти русии Би-Би-Си, намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Дуня Миятович Душанберо дар риоя накардани ҳуқуқҳои бунёдии инсон нисбат ба журналист гунаҳкор хондааст. «Тарзи боздошт ва муносибат бо […]

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Созмони амнияту ҳамкории Аврупо низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ дорад.

Бино ба маълумоти хадамоти русии Би-Би-Си, намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Дуня Миятович Душанберо дар риоя накардани ҳуқуқҳои бунёдии инсон нисбат ба журналист гунаҳкор хондааст.

«Тарзи боздошт ва муносибат бо Усмонов бо шумули рад сохтани ҳуқуқи ӯ ба адвокат…, водор месозад аз ниҳоят маҳдуд будани озодӣ ҳарф бизанем», – гуфта мешавад дар номаи расмии САҲА унвонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Қаблан бо талаби фавран озод кардани рӯзноманигор ба ҳукумати Тоҷикистон сафоратхонаҳои Британияи Кабиру ИМА дар Тоҷикистон ва мақомоти раҳбарии Би-Би-Си муроҷиат намуданд.

Дар изҳороти сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс аз ҷумла гуфта мешавад, «мо бар ин назарем, ки журналистон барои навиштаҳояшон набояд латукӯб ва муҷозот шаванд ва аз ин рӯ, дархост мекунем, ки агар айбдории ӯ исботи худро наёбад, дарҳол озод карда шавад».

Дар ҳамин ҳол, Би-Би-Си бо такя ба гуфтаҳои хешовандони Ӯрунбой Усмонов хабар медиҳад, ки ҳангоми аз ҷониби кормандони хадамоти махсус ба манзилаш овардану хонаи журналистро мавриди ҷустуҷӯ қарор додан, Усмонов фурсате ёфта, ба наздиконаш гуфтааст, ки «агар имшаб кори дишаба кардаашонро бо ман такрор кунанд, ман дигар истодагарӣ карда наметавонам. Аз ин рӯ, хуш бошедв а маро бубахшед».

Ёдрас мекунем, ки кормандони милиса хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонови 60-соларо дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мегӯяд, ӯ ба узвият дар ҳизби фаъолияташ манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста шуда, соли 2009 ихтиёрӣ ба сафи ин ҳизб шомил ва ба таблиғоти афкори моҳияти ифротгароидоштаи ин ҳаракат дар шабакаҳои Интернет машғул будааст. «Боздоштшуда ба паҳн кардани варақаву адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ низ даст дошта, аз сокинони вилоят даъват ба амал меовардааст, ки ба сафи «Ҳизб-ут-Таҳрир» бипайванданд», – гуфт Асадуллоев. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.