Тоҷикистон раёсат дар СКИ-ро ба Қазоқистон супурд

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷаласаи 38-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар рафти нишасти навбатӣ кишварҳои узв масъалаҳои мубрами фаъолияти созмони ёдшударо мавриди арзёбӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳову усулҳои таҳкими ҳамкориҳои худ ибрози назар мекунанд. Тавре ба ОИ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷаласаи 38-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар рафти нишасти навбатӣ кишварҳои узв масъалаҳои мубрами фаъолияти созмони ёдшударо мавриди арзёбӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳову усулҳои таҳкими ҳамкориҳои худ ибрози назар мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории Низомиддин Зоҳидов, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад. «Зимни ҷаласа Тоҷикистон раёсати созмонро ба мизбони нишаст – Ҷумҳурии Қазоқистон супорид», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон, иштирокчиёни конфронсро президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва дабири кулли СКИ Акмалиддин Эхсоноғлу шодбош хоҳанд гуфт. Гуфта мешавад, дар давраи раёсати Қазоқистон дар СКИ ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва амняти байнулмилаливу минтақавӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда хоҳад шуд.

Дар ҷаласа қабули Эъломияи Остона, оиннома ва созишномаҳои СКИ, ҳудуди 100 қатънома ои ба маҷмӯи васеъи масоили ҷаҳони ислом дар назар аст. Дар ҷаласаи 38-ум Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ номи нав ва нишони созмонро тасдиқ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.