Тӯраҷонзода: Даъватҳои ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон ношунида хоҳанд монд

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сиёсатмадори варзида ва рӯҳонии маъруфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар мавриди даъвати ИМА ва як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин ибрози андеша намуд, ки бобати ба эътибор гирифтани ин даъватҳо аз ҷониби ҳукумат бовар надорад. «Ман орзу […]

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сиёсатмадори варзида ва рӯҳонии маъруфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар мавриди даъвати ИМА ва як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин ибрози андеша намуд, ки бобати ба эътибор гирифтани ин даъватҳо аз ҷониби ҳукумат бовар надорад.

«Ман орзу дорам, ки нигаронии ин кишварҳо аз ҷониби палатаи болоии парлумони кишвар ва президенти ҷумҳурӣ зимни баррасии қонуни мазкур ба эътибор гирифта мешаванд, вале бовар надорам, ки ин тавр мешавад», – гуфт ӯ зимни шарҳи суханронии иҷрокунандаи вазифаи мушовир оид ба масоили сиёсии намояндагии доимии ИМА дар назди САҲА Патрик Коннел.

Ғайр аз ин, Тӯраҷонзода ба самимияти чунин даъватҳои кишварҳои хориҷӣ шубҳа дорад. «Ба назарам, бо интишори чунин даъватҳо чанде аз кишварҳои ғарбӣ кӯшиш мекунанд, ки тавассути ВАО таваҷҷӯҳи ҷомеаро ҷалб намуда, бо ин роҳ ҷонибдории худ ба демократия ва баробарҳуқуқиро нишон диҳанд. Дар асл бошад, зимни сӯҳбат ва вохӯриҳои шахсӣ бо намояндагони ҳукумат онҳо таҳиягарони чунин қонунҳоро дастгирӣ мекунанд», – мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи ӯ, дар сурати изҳори норозигии ҷиддӣ ва талаби қатъӣ аз ҷониби ИМА оид ба ин ё он мушкилот ҳеҷ яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ онҳоро нодида нахоҳад гирифт.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА дар Вена иҷрокунандаи вазифаи мушовир оид ба масоили сиёсии намояндагии доимии ИМА дар назди САҲА Патрик Коннел изҳор кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он изҳори ноумедӣ ва нигаронӣ дорад, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маъқул шуморид.

«Мо аз палатаи поёнии парлумон ва президенти Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки имкони ба палатаи поёнии парлумон баргардонидани қонун дар бораи масъулияти падару модарро баррасӣ намоянд, то ки муқаррароти манъи узвият ба ҷамъиятҳои динӣ бекор карда шавад», – гуфт ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.