Маҳкумияти ҷинояткори ба куштори низомиёни Русия ва кормандони милиса дастдошта

Додгоҳи Олии Тоҷикистон нисбат ба Боймурод Хоҷаев, ки дар қаламрави Русия 1-уми апрели соли 2010 боздошт гардида буд, ҳукм содир намуд. Бино ба маълумоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, боздоштшуда барои содир намудани ҷиноёти вазнин дар қаламрави Тоҷикистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт. Ӯ дар фаъолияти ифротгароӣ ва террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок карда, қаблан дар […]


Додгоҳи Олии Тоҷикистон нисбат ба Боймурод Хоҷаев, ки дар қаламрави Русия 1-уми апрели соли 2010 боздошт гардида буд, ҳукм содир намуд.

Бино ба маълумоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, боздоштшуда барои содир намудани ҷиноёти вазнин дар қаламрави Тоҷикистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт. Ӯ дар фаъолияти ифротгароӣ ва террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок карда, қаблан дар урдӯгоҳҳои террористии Эрону Афғонистон таълим гирифтааст ва ба рӯйхати афроде шомил аст, ки ба даст доштан дар амалиёти террористӣ дар шаҳрҳои Бишкеку Ӯши Қирғизистон аз онҳо эҳтимол меравад.

«Муайян карда шуд, ки Хоҷаев дар содир намудани ҷиноёти ниҳоят вазнин дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла куштори низомиёни Русия, рабудани муовини раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ ва чаҳор нафар кормандони шӯъбаи кофтукови ҷиноии шаҳри Ваҳдат иштирок доштааст», – хабар медиҳад «Новый регион» бо истинод ба Раёсати хадамоти федералии амнияти вилояти Челбинск.

Хоҷаев аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон паноҳ бурда, дар шаҳри Челябински Русия таҳти исми шахси бегона зиндагӣ мекард ва дар бахши сохтмон ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул буд. Кормандони Раёсати хадамоти федералии амнияти вилояти Челябинск ҷиҳати муайян кардани шахсияти Хоҷаев маводи зарурӣ ҷамъоварӣ карданд. Пас аз боздошт ӯ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардид.

Додгоҳ Хоҷаевро ба иттиҳоми бандитизм, гаравгонгирӣ, тамаъҷӯйиву авбошӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон ва ҳамчунин истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндагони ҳокимият ба мӯҳлати 19 соли зиндон бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.