Талаби пурзӯр кардани чораҳои таъмини амнияти пойтахт дар рӯзҳои ид

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва масъулини дигар […]


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва масъулини дигар сохторҳои шаҳрӣ ширкат варзиданд. «Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати рӯзҳои башумор мондан барои истиқболи 20-солагии Истиқлолият ва итмомрасии иҷрои нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба 900 рӯзи ободонӣ дар ин самт бо қотеият ва раҳнамоӣ дастур фармуд, ки тибқи таҷрибаи дар шаҳр роиҷгардида корҳои омодагӣ чӣ дар иншооти ба истифодадиҳанда, ё худ иншооти ба ин муносибат бунёдашон оғозшаванда ва дар маҷмӯъ дар тамоми қаламрави шаҳр бо ҳисси баланди масъулиятшиносиву ҷавобгӯи ифтихормандӣ аз сокини пойтахт будан роҳандозӣ карда шавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, бо ироаи дастурҳои қатъӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба андешидани чораҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятиву амнияти шаҳрвандон ва иштирокчиёни чорабиниҳои дар шаҳр доиршаванда, аз масъулини назорати давлатии санитарию экологӣ ва дигар субъектҳои хизматрасон тақозо шуд, ки корҳои профилактикӣ ва фарогирии комили фаъолиятро пурзӯр намояд.

Ёдпас мекунем, ки субҳи рӯзи 9-уми сентябр ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намоиши идона ва гузашти низомӣ баргузор мешавад.

Шоми ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт бахшида ба ин ҷашн намоиши театрикунонидашуда ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд..

Ғайр аз ин, рӯзи ҷашн дар боғҳои истироҳату фароғати «Дӯстии халқҳо», Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, «800-солагии Маскав», гулгашти ба номи Мироненко ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр низ чорабиниҳои идона ва сайругашти оммавӣ баргузор мешаванд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.