«Ҷамоати Ансоруллоҳ» тоҷиконро ба ҷиҳод даъват мекунад

Дар шабакаи Интернет изҳороти видеоии гурӯҳи исломии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ба мусулмонони Тоҷикистон гузошта шудааст. Дар ин бора сомонаи pressa.tj хабар медиҳад. Шахсе дар навор суханронӣ карда мегӯяд, аъзои гурӯҳ айни замон дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошта, ба баргузории амалиётҳо омодагӣ мегиранд. Дар навори видеоӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус аз мусулмонон даъват ба амал оварда мешавад, […]

Аваз Юлдошев


Дар шабакаи Интернет изҳороти видеоии гурӯҳи исломии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ба мусулмонони Тоҷикистон гузошта шудааст. Дар ин бора сомонаи pressa.tj хабар медиҳад.

Шахсе дар навор суханронӣ карда мегӯяд, аъзои гурӯҳ айни замон дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошта, ба баргузории амалиётҳо омодагӣ мегиранд.

Дар навори видеоӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус аз мусулмонон даъват ба амал оварда мешавад, ки тавассути амалҳои террористӣ, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва қатли кофирон муқобили сиёсати давлату демократия фаъолият намуда, ба ҷиҳод бархезанд.

«Онҳое, ки намоз мехонанд, рӯза медоранд, ҳаҷ мекунанд, вале аз демократия ҷонибдорӣ менамоянд, кофир мебошанд»,- мегӯяд марде дар видео ва тамоми муслимини кишварро даъват менамояд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан узви гурӯҳи мазкур ҳодисаи таркишеро, ки 3 сентябри соли 2010 дар назди бинои Раёсати мубориза бо ҷинояткориҳои муташаккилонаи Хуҷанд ба амал омада буд, ба дӯш гирифта буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин навори видеоӣ бо изҳороти гурӯҳи исломии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ба мусулмонони Тоҷикистон мавриди омӯзиши сохтори амниятии кишвар қарор гирифтааст.

Рӯҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода андешаи худро дар бораи ин навор чунин баён кард: «Изҳороти видеоии гурӯҳ ба мусулмонони Тоҷикистон иғвоангез буда, паси он нерӯҳои муайяни зиддисломӣ қарор доранд».

Ба ақидаи Тӯраҷонзода, «ҳеҷ инсони оқил ё намояндаи ҳама гуна дин наметавонад одамонро ба куштор, содир намудани амали террористӣ ва ҳуҷуми мусаллаҳона нисбати мардуми бегуноҳ даъват намояд». «Дар ҷаҳони муосир нерӯҳое мавҷуданд, ки бо ҳар восита мехоҳанд исломро бадном созанд ва ҷонибдорони онро ба гунаи террористону қотилон шабоҳат диҳанд», – афзуд ӯ.

Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакли палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайнӣ низ бар ин назар аст, ки айни замон дар ҷаҳон тамоили гунаҳкорсозии ислом ва ҷонибдорони он дар содир намудани амалҳои террористӣ ба мушоҳида мерасад ва дар ин кор нерӯҳои зиддисломӣ даст доранд.

С.Ҳусайнӣ изҳор кард, ки дар Тоҷикистон ташкилоте бо номи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мавҷуд нест. «Дар кишвари мо ҳатто миёни созмонҳои динии фаъолияташон манъшуда низ чунин ташкилот вуҷуд надорад ва ман шубҳа дорам, ки он умуман дар ҷаҳон арзи ҳастӣ дошта бошад», – муътақид аст намояндаи ҲНИТ.

Номбурда таъкид кард, ки дар тамоми динҳои мавҷудаи дунё ва бахусус дар ислом куштору қатл ва худкушӣ маҳкум карда мешавад. «Дар чунин ҳолатҳо душманони ислом як ташкилотеро бо номи арабӣ рӯйи кор меоранду ҷиноятеро, ки инсони оқил ба он даст намезанад, ба номи он нисбат медиҳанд», – афзуд С.Ҳусайнӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.