Президенти Белорус бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Шоми дирӯз президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмии ҷумҳурӣ истиқбол намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, нимаи дуюми имрӯз дар қароргоҳи давлатии «Кохи миллат» гуфтушуниди бевоситаи танҳо […]

Пайрав Чоршанбиев


Шоми дирӯз президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмии ҷумҳурӣ истиқбол намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, нимаи дуюми имрӯз дар қароргоҳи давлатии «Кохи миллат» гуфтушуниди бевоситаи танҳо сарони кишварҳои Тоҷикистону Белорус ё ба истилоҳ сӯҳбати «як ба як»-и Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко доир мегардад. Дар ҷараёни мулоқот баррасии масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ дар назар аст. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеъи ҷонибҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи натоиҷи гутфушунидҳо дар сатҳи олӣ имзои 10 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмӯҳлати Тоҷикистону Белорус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ дар назар аст.

Пагоҳ вохӯрии президенти Белорус бо раиси палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир мегардад. Худи ҳамин рӯз Александр Лукашенко ҳамчунин бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осиӣ низ мулоқот хоҳад орост.

Нимаи дуюми рӯзи 29-уми октябр Александр Лукашенко озими шаҳри Минск мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус зиёда аз 52,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 47,7% бештар аст. Аз Тоҷикистон ба Белорус ба маблағи 9,7 млн. доллари ИМА маҳсулот фиристода шудааст, ки асосан нахи пахта мебошад. Ҳаҷми маҳсулоти аз Белорус ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 43,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...