Мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд бо собиқадорони ҷангу меҳнат

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маҳалаву қасабаҳои шаҳр бо собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯҳансолон идома дорад. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, чунин мулоқот ва сӯҳбати ошкорову самимӣ бо куҳансолони маҳаллаҳои ба номи Содирхон Ҳофиз, «Сари Баландӣ» ва «Шарқ» бо иштироки вакилони Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ Акрамхон Маҳмудов ва Юсуфҷон Умаров, […]


Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маҳалаву қасабаҳои шаҳр бо собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯҳансолон идома дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, чунин мулоқот ва сӯҳбати ошкорову самимӣ бо куҳансолони маҳаллаҳои ба номи Содирхон Ҳофиз, «Сари Баландӣ» ва «Шарқ» бо иштироки вакилони Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ Акрамхон Маҳмудов ва Юсуфҷон Умаров, ки воқеан фаъолияташон аз ҷониби иштирокдорони мулоқот – интихобкунандагонашон хеле хуб арзёбӣ шуд, баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, пирони кор аз рушду нумӯъ, пешрафти иқтисодиёт, торафт беҳбудёбии ҳаёти иҷтимоӣ, болоравии сатҳи маънавии ҷомеа, ободии шаҳру вилоят ва мамлакат ҳарф зада, ҳамаи инро шарофати даврони тинҷу пуросоиш, сиёсати ояндабинонаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маънидод карданд.

Ҳамчунин аз ҷониби онҳо дар мавриди ташаккули  сиёсати шаҳрдорӣ, боз ҳам ободу зебо гардондани саросари Хуҷанд, таъмиру таҷдиди роҳу кӯчаҳои дохилӣ, чароғонкунии маҳаллаҳо, бознигарии нарху наво дар бозорҳо, барқарор кардани фаъолияти чойхонаҳо, ки маркази фарҳангии маҳал ва макони басо мусоиди сӯҳбати мӯйсафедон аст, тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҷараёнҳои ғайриқонуниву ифротгаро, мусоидат ба истифодаи самараноки толору майдончаҳои варзишӣ барин масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва маҳал ибрози назар карда шуд.

Раҷаббой Каримов барои маслиҳатҳои муфид ба пирони рӯзгор изҳори сипосмандӣ карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳамеша пешсафи ҷомеа, маслиҳатгари доимии насли ҷавон бошанд ва дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр фаъолона ширкат варзанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.