Дар Тоҷикистон афви навбатӣ ба анҷом расид

Дар Тоҷикистон афви навбатие, ки ба муносибати 20-умин солгарди ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ эълон гардида буд, ба анҷом расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, аз муассисаҳои ислоҳотӣ ва тавқифгоҳҳои муваққатӣ беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон озод гардиданд, ки 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил […]


Дар Тоҷикистон афви навбатие, ки ба муносибати 20-умин солгарди ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ эълон гардида буд, ба анҷом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, аз муассисаҳои ислоҳотӣ ва тавқифгоҳҳои муваққатӣ беш аз 4 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон озод гардиданд, ки 196 нафарашонро занон ва 153 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд. Боз мӯҳлати адои ҷазои ҳудуди 5 ҳазор нафар маҳкумшудагон кам карда шуд.

Хамчунин афв ба 5 ҳазор нафаре, ки таҳти мурофиаи судӣ ё тафтишот қарор доштанд, низ дахл кард.

Миёни маҳбусони афвшуда 72 нафар аъзои созмонҳои динии ифротгароии «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Ҳаракати исломии Ӯзбекситон» ва наздик 100 тан аз ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ҳузур доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Сарраёсати иҷрои ҷазо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чанде аз афвшудагон пас аз озодӣ аллакай барои даст ба ҷинояти навбатӣ задан фурсат ёфтаанд. «Маълумоти оморӣ бозгӯи онанд, ки ҳудуди 20-30%-и афвшудагон баъди гузашти чанд муддате боз ба маҳбас бармегарданд. Пас аз эълони афв ҳамагӣ се моҳ сипарӣ шуд ва ба муассисаи ислоҳотӣ аллакай 20 нафари афшудагон баргаштанд, ки панҷ нафарашон ноболиғон мебошанд. Аксари онҳо ба дуздӣ даст задаанд», – гуфт манбаъ.

Афви гузашта, ки миёни мардум бо «афви тиллоӣ» машаҳур аст, дар замони истиқлоли Тоҷикистон 13-умин мебошад. Дар ин муддат ҳудуди 100 ҳазор нафар мавриди афв гирифтанд.

Хусусияти фарқкунандаи афви феълӣ дар он буд, ки бори нахуст аъзои ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои динӣ, ки ба ифротгароӣ муттаҳам дониста мешуданд, озод гардиданд. Ҳамчунин иштирокчиёни даргириҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода ва ҳамчунин иштирокчиёни задухӯрди мусаллаҳонаи соли 1998 дар вилояти Суғд бо шарти адо кардани аз чор се ҳиссаи мӯҳлати ҷазои таъиншуда мавриди афв қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, дар Тоҷикистон 17 муассисаи ислоҳотӣ амал мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.