Омодагии Швейтсария ҷиҳати забономӯзии муҳоҷирони кории тоҷик

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Петер Микуларо ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғоз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз вазъи муносибот миёни Тоҷикистон ва Швейтсария изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши фаъоли Дафтари мазкурро дар амалигардонии барномаҳои кӯмак ва рушд […]


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Петер Микуларо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғоз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз вазъи муносибот миёни Тоҷикистон ва Швейтсария изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши фаъоли Дафтари мазкурро дар амалигардонии барномаҳои кӯмак ва рушд дар Тоҷикистон қайд сохт.

Дар навбати худ, П. Микула доир ба таҳияи Стратегияи нав барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2012-2015, ки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад, иттилоъ дод. Стратегияи мазкур бештар ба татбиқи бахшҳои обтаъминкунонӣ, тандурустӣ, рушди бахши хусусӣ, волоияти қонун ва мудирияти захираҳои обӣ дар сатҳи минтақавӣ равона хоҳад шуд. Ҳамчунин, бархе аз барномаҳои бахши энергетика идома хоҳанд ёфт. Дар ин робита, Мудири Дафтари Швейтсария аз дипломати тоҷик хоҳиш намуд, то роҷеъ ба самтҳои пешниҳодшудаи стратегияи номбурда изҳори назар кунад.

Вазир Ҳ. Зарифӣ дар маҷмӯъ бахшҳои зикргардидаи Стратегияро ҷонибдорӣ намуда, амалисозии онро муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон, тибқи ақидаи Вазир, бо дарназардошти теъдоди зиёди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки агар Дафтари мазкур дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва Хадамоти муҳоҷирати кишвар барномаи забонӣ ва таълимиро ҷиҳати бозомӯзии ҷавонони тоҷик таҳия намояд.

П. Микула пешниҳоди Вазири корҳои хориҷиро ҷонибдорӣ карда, итминон дод, ки пешниҳод баҳри амалисозии он баррасӣ хоҳад шуд.

 Тибқи дархости П. Микула, Вазир назари хешро оид ба масъалаи ихтисоршавии неруҳои эътилофӣ дар Афғонистон дар соли 2014, густариши минбаъдаи вазъ дар ин кишвар ва таъсири он ба минтақа баён кард.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.