Ҳалокати як нафар дар Душанбе бар асари афтодани дарахт

Дар маркази шаҳри Душанбе ба болои як автомобили ҳаракатдошта дарахт афтод. Бар асари он мусофири автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст. Ин ҳодиса тахминан соатҳои 15:00 дар кӯчаи Пушкин, дар муқобили фабрикаи «Гулистон» ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷойи ҳодиса издиҳоми зиёди мардум гирд омадаанд. Корҳои тозакунии […]

Акмал Маннонов


Дар маркази шаҳри Душанбе ба болои як автомобили ҳаракатдошта дарахт афтод. Бар асари он мусофири автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ин ҳодиса тахминан соатҳои 15:00 дар кӯчаи Пушкин, дар муқобили фабрикаи «Гулистон» ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷойи ҳодиса издиҳоми зиёди мардум гирд омадаанд. Корҳои тозакунии роҳ идома доранд. Айни замон кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаракати нақлиёт дар қисмати роҳи мазкур, яъне буриши кӯчаҳои Бохтар, Пушкин, Бухоро ва Теҳронро маҳдуд кардаанд.

Тавре як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни ҳаракат ба болои автомобили тамғаи «Нексия» дарахт меафтад. Мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҳолати вазнин ба бемористон мунтақил шудааст. Бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, дарахт ба қисмати роҳи мошингузар ё ба вазнинии барф тоб наоварда афтодааст, ё шояд ба ин корҳои сохтмонӣ, ки бевосита дар наздикии он гузаронида мешаванд, боис шуда бошанд. Дар ҷойи ҳодиса кормандони КҲФ машғули коранд ва сабабҳои ҳодисаи мазкурро муайян мекунанд.

Айни замон гирифтани шарҳу тавзеҳоти расмӣ дар бораи шумори осебдидагон ва сабабҳои рух додани ҳодиса муясссар нагардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.