Тармафароиҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ

Шурўъ аз 11-уми март бориши бошиддати барф дар аксари манотиқи кишвар ба мушоҳида мерасад, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард мушкилот пеш овардааст. Тавре аз филиали ширкати Innovative road solutions (IRS), ки ба идораи зербинои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ машғул аст, аз ҷумла, дар роҳи автомобилгарди мазкур низ бориши барф бошиддат идома дошта, ғафсии […]

ASIA-Plus


Шурўъ аз 11-уми март бориши бошиддати барф дар аксари манотиқи кишвар ба мушоҳида мерасад, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард мушкилот пеш овардааст.

Тавре аз филиали ширкати Innovative road solutions (IRS), ки ба идораи зербинои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ машғул аст, аз ҷумла, дар роҳи автомобилгарди мазкур низ бориши барф бошиддат идома дошта, ғафсии сатҳи он дар қитъаи аз километри 10-ум то 37-ум 12-15 сантиметр, аз километри 37-ум то 62-юм 25-35 сантиметр, аз мавзеи Майхўра то километри 73-юм 55-60 сантиметр, минтақаи Зарафшон 12-15 ва минтақаи Суғд 10-12 сантиметрро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, имрўз аз субҳи барвақт тамоми техникаҳои дар ихтиёри минтақаҳои зертобеи Филиал қарордошта, барои тоза кардани барф сафарбар гардиданд.

Гуфта мешавад, бориши шадиди барф боиси зиёдшавии ҳодисаҳои тармафароӣ гардидааст. То ин вақт тармаҳои хурду бузург дар километрҳои 48, 50, 54, 59, 63, 68, 70, 71 ва 72-юм ба қайд гирифт шудаанд. Дар бартараф кардани оқибатҳои тармафароӣ дар қитъаи аз километри 10 то 37-ум 2 адад автогрейдер ва 2 адад техникаи гуногункора, дар қитъаи аз километри 43-юм то мавзеи Майхўра 2 адад боркунаки фронталӣ, аз Майхўра то саршавии нақби Истиқлол 2 адад боркунаки фронталӣ, минтақаи Зарафшон 2 адад боркунаки фронталӣ ва 2 адад автогрейдер, дар минтақаи Суғд 2 адад боркунаки фронталӣ ва 2 адад автогрейдер ҷалб карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар минтақаи Варзоб дар қитъаҳои алоҳида тармафароии такрорӣ ба амал омада истодааст. Айни ҳол коргарони роҳ бо истифода аз техника машғули тоза кардани роҳ аз барфу тарма мебошанд. Хавфи тармафароӣ боқӣ мемонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.