Эмомалӣ Раҳмон намояндагони махсуси ИА-ро ба ҳузур пазируфт

Дар фароварди Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Афғонистон ва доир ба Осиёи Марказӣ Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо ба натиҷаҳои конфронси Душанбегии РЕККА баҳои баланд дода, […]

ASIA-Plus


Дар фароварди Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Афғонистон ва доир ба Осиёи Марказӣ Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо ба натиҷаҳои конфронси Душанбегии РЕККА баҳои баланд дода, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи созмондиҳандагони ин ҳамоиши муҳими ҷаҳониро бо ин пешрафти намоён табрик гуфтанд.

Тавре зикр гардид, конфронси 5-уми РЕККА бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ба поён расид. Аз ин хотир конфронси Душанбегии РЕККА оғози марҳилаи гузариш аз сухан ба амал номида шуд.

Доир ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва роҳҳои бартарафсозии мушкилу монеаҳои сунъии рушди ҳамкорӣ дар ин минтақа табодули назар карда шуд.

Ба гуфти Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морел, Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи кунунӣ нақшаҳои кори дарозмуддати худро дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020 тарҳрезӣ дорад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба нақши минбаъдаи Тоҷикистон дар раванди сулҳсозию бозсозии иқтисодии Афғонистон ва минтақаи атрофи он сурат гирифт.

Дар мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.

 Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ паёми табрикӣ ва таманниёти самимии Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сониро ба Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба сатҳи ташкили конфронси 5-уми РЕККА ва натиҷаҳои он баҳои баланд дод.

 «Мо ба густариш ва муносибатҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкории судбахш бо Давлати Қатар аҳамияти хос медиҳем ва ҳамин гуна бардоштро аз ҷониби давлати Шумо нисбат ба Тоҷикистон эҳсос менамоем», – изҳор дошт зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

 Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо маблағгузории қатарӣ бунёд ёфтани масҷиди бузурги ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва Маҷмааи манзиливу тиҷоратии Диёри Душанбе танҳо оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар хоҳад буд.

 Доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати маъданҳо, бонкдорӣ ва кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию парвариши занбӯри асал гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

 Тибқи мувофиқоти ҳосилшуда дар нимаи аввали соли равон бояд ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дар Душанбе барпо гардад.

 Таваҷҷуҳи зиёд, албатта ба масоили Афғонистон ва таъсири он минтақа низ зоҳир карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.