Латукӯби сарпрокурори ҳарбӣ дар Хоруғ

Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини прокурори генералии Тоҷикистон Хайрулло Саидов чанде қабл аз Хоруғ ба Душанбе оварда шуда, дар яке аз дармонгоҳҳои пойтахт бистарӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, шоми дирӯз ба Х.Саидов як гурӯҳи шахсони номаълум дарафтода, ӯро дар бинои манзили иқоматаш мавриди лату кӯб […]

Аваз Юлдошев


Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини прокурори генералии Тоҷикистон Хайрулло Саидов чанде қабл аз Хоруғ ба Душанбе оварда шуда, дар яке аз дармонгоҳҳои пойтахт бистарӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, шоми дирӯз ба Х.Саидов як гурӯҳи шахсони номаълум дарафтода, ӯро дар бинои манзили иқоматаш мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба саломатии Х.Саидов чизе таҳдид накарда, ӯ танҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Хайрулло Саидов дар Хоруғ ба сифати роҳбари гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ҳодисаи куштори сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал Абдулло Назаров қарор дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.