Фронти халқӣ ба рӯйдодҳои Хоруғ дахолат намекунад

Фронти халқӣ танҳо дар сурати дархости ҳукумат ва мубориза бо таҷовузи хориҷӣ ба кишвар метавонад бори дигар силоҳ ба даст бигирад, – гуфт собиқ роҳбари қисми низомии тиббии Фронти халқии Тоҷикистон Қувваталӣ Муродов дар шарҳи изҳороти интишоршуда роҷеъ ба силоҳ ба даст гирифтани Фронти халқӣ дар робита ба вазъи Хоруғ. «Мо кайҳо силоҳро ба замин […]

Меҳрангез Турсунзода


Фронти халқӣ танҳо дар сурати дархости ҳукумат ва мубориза бо таҷовузи хориҷӣ ба кишвар метавонад бори дигар силоҳ ба даст бигирад, – гуфт собиқ роҳбари қисми низомии тиббии Фронти халқии Тоҷикистон Қувваталӣ Муродов дар шарҳи изҳороти интишоршуда роҷеъ ба силоҳ ба даст гирифтани Фронти халқӣ дар робита ба вазъи Хоруғ.

«Мо кайҳо силоҳро ба замин гузошта, ба меҳнати созанда машғулем, вале вазъи муташанниҷ ва ҳангомаҳое, ки аз ҷониби нерӯҳои манфиатдору иғвоҷӯй барпо мешаванд, мутассифона, маҷбур месозанд, ки дар бораи хатари такрори ҳодисаҳои он солҳои мудҳиш андеша ронӣ. Дар ин ҳолат, мо ҳамеша ба ҳифзи сохти конститутсионӣ, тамомияти арз, якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон омодаем», – гуфта мешавад дар изҳороти пахшшуда аз номи Фронти халқӣ.

Ба эътиқоди ҳамсуҳбат, намояндагони собиқ Фронти халқӣ ба изҳороти имрӯз интишоргардида ҳеҷ муносибате надоранд.

«Ин ҳама ҳамватанонамон мебошанд. Мо ба дахолат кардан танҳо дар сурати таҷовузи нерӯи беруна ба кишвар омодаем. Вобаста ба вазъи Хоруғ бошад, ин ғайриимкон аст ва мо барои ин силоҳ ба даст гирифтанӣ нестем», – қотеъона изҳор дошт Қ.Муродов.

Қобили зикр аст, ки як қисмате аз ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳи Хоруғро аъзои собкиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ташкил медиҳанд, ки муқобили Фронти халқӣ ҷангида буданд. Фронти халқии Тоҷикистон президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат оварда, соли 1993 пароканда гардида буд.

Моҳи майи соли равон собиқ пешвоёни Фронти халқӣ дар бораи эҳёи Фронти халқӣ бидуни силоҳ иттилоъ доданд. Ҳамчунин зикр гардида буд, ки Фронти халқӣ ният дорад ба маъракаи интихоботи президентӣ дар соли 2013 номзади ягонаро пешбарӣ намояд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.