Хуҷанд: Эътирози 800 нафар соҳибкорон аз болоравии андоз

Дар робита ба болоравии меъёри пардохти моҳонаи андоз ҳудуди 800 нафар соҳибкорони бозори «Сомон», воқеъ дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров даст ба тазоҳурот заданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи соҳикборон хабар доданд, соли гузашта маблағи ҳармоҳаи пардохт барои патент 258 сомониро ташкил медоданд, вале имсол он то ба 363 сомонӣ зиёд шудааст. Издиҳоми норозӣ ин мушкилотро […]

Шероз Шарифов


Дар робита ба болоравии меъёри пардохти моҳонаи андоз ҳудуди 800 нафар соҳибкорони бозори «Сомон», воқеъ дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров даст ба тазоҳурот заданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи соҳикборон хабар доданд, соли гузашта маблағи ҳармоҳаи пардохт барои патент 258 сомониро ташкил медоданд, вале имсол он то ба 363 сомонӣ зиёд шудааст.

Издиҳоми норозӣ ин мушкилотро дар бинои ҳукумати шаҳри Чкаловск баррасӣ карданӣ будааст, вале ба қавли шоҳидони ҳодиса, дар роҳ аллакай онҳоро кормандони Гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) пешвоз гирифта, зӯран ба бозори «Сомон» ворид кардаанд.

Тибқи баъзе маълумот, дар посух ба муқобилат кормандони ОМОН чанде аз соҳибкоронро боздошт намуда, ба самти номаълум бурдаанд.

Ба қавли соҳибкорон, чанде қабл назди онҳо намояндагони ҳукумат омада, пешниҳод кардаанд, ки ин масъала то шоми имрӯз дар бинои ҳукумати вилоят баррасӣ карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.