Бо сафари Шувалов ба Душанбе масъалаи таҳвили нафту муҳоҷират ҳал мешавад

Шоми рӯзи 11-уми феврал ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Душанбе ташриф хоҳад овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, рӯзи дигар, 12-уми феврал гуфтушунидҳои Шувалов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҶТ Оқил Оқилов ва дигар мансабдорони воломақоми кишвар дар назар аст. «И.Шувалов […]


Шоми рӯзи 11-уми феврал ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Душанбе ташриф хоҳад овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, рӯзи дигар, 12-уми феврал гуфтушунидҳои Шувалов бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҶТ Оқил Оқилов ва дигар мансабдорони воломақоми кишвар дар назар аст.

«И.Шувалов ва ҳайати ҳамроҳи ӯ нимаи аввали рӯзи 13-уми феврал дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ширкат варзида, аз рӯи натоиҷи он имзои созишномаҳои дуҷониба оид ба мувофиқаҳои ҳосилшуда зимни сафари расмии президенти ФР ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 дар назар аст, ки пеш аз ҳама, ба созишномаҳо дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ва ба чанде аз имтиёзот соҳиб шудани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия марбут мебошад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи лоиҳаҳои таҳияшуда аз ҷониби гурӯҳҳои кории ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон, Русия ҳамасола Тоҷикистонро бо 1 млн. тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни ситонидани боҷи содиротӣ таъмин намуда, ҳамчунин муҳоҷирони кории тоҷик ба ивази 3 шабонарӯзи кунунӣ то 15 шабонарӯз бидуни бақайдгирӣ дар қаламрави Русия қарор дошта метавонанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.