Таҳрими ҷомеаи журналистӣ ба радиои «Озодӣ»

Ҷомеаи журналистӣ ба хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» то замони тариқи суд ҳаллу фасл шудани масъалаи дар ҷойи кори пештарааш барқарор кардани хабарнигори ин радио Абдуқаюми Қаюмзод таҳрим эълон кард. Зери изҳороти эълони таҳрим ба радиои «Озодӣ» Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянси Тоҷикистон имзо гузоштаанд. Раиси  Анҷумани миллии расонаҳои мустақил Нуриддин […]


Ҷомеаи журналистӣ ба хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» то замони тариқи суд ҳаллу фасл шудани масъалаи дар ҷойи кори пештарааш барқарор кардани хабарнигори ин радио Абдуқаюми Қаюмзод таҳрим эълон кард.

Зери изҳороти эълони таҳрим ба радиои «Озодӣ» Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянси Тоҷикистон имзо гузоштаанд.

Раиси  Анҷумани миллии расонаҳои мустақил Нуриддин Қаршибоев аз рӯзноманигорон ва коршиносон даъват ба амал овард, ки аз ҳамкорӣ бо хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ» худдорӣ варзанд.

«Санаи 22-юми апрели соли равон радиои «Озодӣ» якҷониба шартномаи меҳнатӣ бо журналистро бекор намуд, ки хилофи қонунгузорӣ аст ва мо хоҳони онем, ки ҳуқуқҳои журналистони дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи радиои «Озодӣ» риоя шаванд. Ман ба журналистону коршиносон муроҷиат карда, дастгирии журналистро дархост дорам. Дар лаҳзаи душвор радио ӯро дастгирӣ накард ва бо шумо ҳам бо ҳамин шева рафтор хоҳанд кард», – иброз доштааст ӯ.

Худи журналист дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки корфармо қаблан шарте пеш гузоштааст, ки ба муддати 6 моҳ (то моҳи июн) музди меҳнаташро пардохт намуда, дар ин ҳолат шартнома аз ҷониби ҳарду тараф бекор карда мешавад, вагарна дар сурати розӣ нашуданаш, шартнома якҷониба ва бидуни пардохти музди меҳнат бекор карда мешавад.

Ба қавли журналист, дар суд аз ҳуқуқҳои ӯ адвокат Файзинисо Воҳидова ва адвокати ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» Абдураҳмон Шарифов ҳимоя хоҳанд кард.

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ адвокат Файзинисо Воҳидова изҳор кард, ки нисбат ба радиои «Озодӣ» дар мавриди ба ҷойи кори пештара барқарор намудани А.Қаюмзод  ва рӯёнидани маблағи музди меҳнаташ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи даъвогӣ пешниҳод кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.