Тамринҳои муштараки мақомоти қудратӣ дар назди марз

Пагоҳ, 2-юми июл дар қаламрави ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон тамринҳои якрӯзаи муштараки низомиву тактикии сарбозону афсарони нерӯҳои марзбонӣ, Вазорати мудофиа, ВКД ва кормандони шуъбаҳои ноҳиявии КДАМ дар вилояти Хатлон доир мегарданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, ба тамринҳо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар […]

Аваз Юлдошев


Пагоҳ, 2-юми июл дар қаламрави ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон тамринҳои якрӯзаи муштараки низомиву тактикии сарбозону афсарони нерӯҳои марзбонӣ, Вазорати мудофиа, ВКД ва кормандони шуъбаҳои ноҳиявии КДАМ дар вилояти Хатлон доир мегарданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, ба тамринҳо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо роҳбарӣ намуда, дар ҷараёни он аз техникаи зиреҳпӯш, ҳавопаймоҳо ва аслиҳаи оташфишон истифода хоҳад шуд.

«Ҳадаф аз баргузории тамрин санҷиши малакаи марзбонон ҳангоми ҳамкории мутақобила бо дигар сохторҳои қудратӣ дар мавриди истодагарӣ ва пас гардонидани ҳамлаи ногаҳонии душман аст», – зикр кард Раҳматуллоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.