Ҳисоботи телефонии раисони ВМКБ ва чор ноҳия дар назди президент

Шоми рӯзи 25-уми июл ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт телефонӣ ҳисобот доданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти сершуморе, ки […]

ASIA-Plus


Шоми рӯзи 25-уми июл ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт телефонӣ ҳисобот доданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти сершуморе, ки бо маблағгузории мутамаркази ҷумуриявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ҷараён дорад ва ҳамчунин ба ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ ба зимистон зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки барои хуб омода кардани муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш ва ба зимистони пешомад аз имкону захираҳои мавҷуда хуб истифода баранд.

Мавзӯъи асосии ҳисоботи раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт, ки мардумаш бештар ба картошкапарварӣ машғуланд, таваҷҷуҳи зиёд маҳз ба ҳамин бахши соҳаи кишоварзӣ зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ин ноҳияҳо дар иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016, аз ҷумла дар роҳи ба 1 миллион тонна расондани ҷамъоварии солонаи картошка дар ҷумҳурӣ бояд нақши асосӣ дошта бошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт, ҳамчунин доир ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва дар моҳи шарифи рамазон дасти кумак дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пиронсолони бесаробон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.