Кӯмаки БОР ба коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР), ки ба сифати Агентии Фонди иқлимии сармоягузорӣ амал мекунад, оид ба лоиҳаи  «Ташаккули устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ» созишномаи бурсӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҳадаф аз амалисозии лоиҳа коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқллим ба ҳавзаи […]


Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР), ки ба сифати Агентии Фонди иқлимии сармоягузорӣ амал мекунад, оид ба лоиҳаи  «Ташаккули устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ» созишномаи бурсӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҳадаф аз амалисозии лоиҳа коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқллим ба ҳавзаи дарёи Панҷ тавассути бунёди низоми бештар устувори муҳофизат аз обхезӣ, барқарорсозии зербинои таъминоти ҷамоатҳои осебпазир бо оби нӯшокӣ, пешниҳоди хизматгузориҳои молиявӣ ба гурӯҳҳои осебпазир, бахусус занон ва таҳкими имконоти кумитаҳои идоракунии офатҳои табиӣ ва иттиҳодияҳои истифодабарандагони об мебошад.

Гуфта мешавад, арзиши умумии лоиҳа 24,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 21.55 млн. $ бурс аз Фонди стратегии иқлимии БОР, 2,4 млн. $ ҳиссаи ҳукумат ва 0,7 млн. $ ҳиссаи ниҳодҳои молии шарикон дар доираи ҷабҳаи маблағгузории хурд мебошад.

Созишномаи бурсӣ аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва намояндаи доимии БОР дар ҶТ Си.Си.Ю ба имзо расида, амалисозии он моҳи сентябри соли равон оғоз ва соли 2018 ба итмом мерасад.

Ёдрас мекунем, ки

ахири моҳи июл

Бонки осиёгии рушд ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 21,55 млн. доллари ИМА ба лоиҳаи коҳиши таъсири манфии тағйири иқлим дар 59 маҳаллаи аҳолинишини ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.