Мусобиқоти нахусти байнулмилалии шоҳмот дар Тоҷикистон тӯли 15 соли ахир

Аз 11 то 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) мусобиқоти шоҳмот баҳри дарёфти Ҷоми Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Ҷамшед Исоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин мусобиқот соли 2011 бо ташаббуси президенти ФИДЕ Кирсан Илюмжинов ташкил гардида, мусобиқоти нахуст худи ҳамон […]


Аз 11 то 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) мусобиқоти шоҳмот баҳри дарёфти Ҷоми Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Ҷамшед Исоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин мусобиқот соли 2011 бо ташаббуси президенти ФИДЕ Кирсан Илюмжинов ташкил гардида, мусобиқоти нахуст худи ҳамон сол дар Тошканд ва мусобиқоти минбаъда дар Қирғизистон доир гардид. «Иштирокчиёни мусобиқоти сеюми Ҷоми Осиёи Марказӣ оид ба шоҳмотро шаҳри Душанбе ба ҳузур мепазирад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, мусобиқот таҳти раҳбарии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон сурат гирифта, дар он иштироки намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар назар буд.

«Айни замон иштироки худ дар мусобиқотро 11 нафар шоҳмотбозони дараҷаи олӣ аз Ӯзбекистон, 6 нафар аз Қазоқистон ва 3 нафар аз Қирғизистон тасдиқ намуда, бинобар мушкилоти дастрас намудани раводид шоҳмотбозони Туркманистон ба Душанбе омада наметавонанд», – зикр кард Исоев.

Номбурда ҳамчунин гуфт, шоҳмотбозони Афғонистон низ ба мушкили дастрасии раводид дучор буда, шумори умумии ҳайати онҳо ҳанӯз маълум нест. «Тоҷикистон ба пешниҳоди беш аз 20 нафар шоҳмотбозон барои иштирок дар ин мусобиқот имкон дошта, ҳамчунин дар ин мусобиқот грссмейстер Фаррух Амонатов низ ширкат хоҳад варзид, ки аз Маскав ба Душанбе омад», – изҳор кард ӯ.

Ба қавли Ҷамшед Исоев, ин нахустин мусобиқоти байнулмилалии шоҳмот дар Тоҷикистон тӯли 15 соли ахир аст. «Мусобиқоти охирини байнулмилалӣ дар Тоҷикистон соли 1998 барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон доир гардида буд», – афзуд дабири кулли Федератсияи шоҳмоти ҷумҳурӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми умумии мукофотпулии мусобиқот 25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби президенти ФИДЕ таъмин карда мешавад. Аз ин маблағ 90% барои мукофотпулии иштирокчиён ва 10% барои мукофотпулии ҳайати доварон масраф мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.