Дастгирии таҳқиқоти миллӣ-демографӣ аз ҷониби USAID

Чанде қабл сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ҳукумати Точикистонро бо гузаронидани нахустин тадқиқоти миллии тиббӣ – демографӣ (ТТД) дар таърихи кишвар табрик намуд. Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистн тадқиқоти умумимиллӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ шуда, тавассути Aгентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳанги бо Вазорати […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ҳукумати Точикистонро бо гузаронидани нахустин тадқиқоти миллии тиббӣ – демографӣ (ТТД) дар таърихи кишвар табрик намуд.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистн тадқиқоти умумимиллӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ шуда, тавассути Aгентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳанги бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштааст.  Ҳадафи аслии ТТД ҷамъ кардани маълумот оид ба саломатии модару кӯдак,  зӯроварӣ дар оила, фаҳмиши мардум аз бемориҳои ВНМО/АНМО ва сил иборат аст.  Тадқиқоти мазкур зиёда аз 6,400 хонаводаро дар бар гирифта, бо 9,600 занҳои аз 15 то 49 мусоҳиба анҷом дода шуд.

Дар чорабинии мазкур, ки ба эълони натоиҷи тадқиқоти миллии тиббӣ – демографӣ барои соли 2012 бахшида шуд, ба ғайр аз Сафири ИМА Сюзан Эллиотт, инчунин Роҳбари ҳайати минтақавии USAID оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ сафир Джонатан Эддлтон, мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобохоҷиева, директори Агентии омор Бахтия Муҳаммадиева ва муовини аввали Вазири Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова низ ширкат варзиданд.

«Тасаввур кардани банақшагирӣ ё қабули қарор бидуни маълумоти омор имконнопазир аст.  Тадқиқоти тиббӣ – демографӣ, ки аз тарафи USAID дастгирӣ карда шудааст, ба ашхоси масъули Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар қабули тасмим саҳм доранд ва шарикони байналмиллалӣ маълумоти омории дақиқ ва ниҳоӣ роҷеъ ба вазъи саломатии аҳолӣ пешниҳод мекунад»  қайд намуд Сафир Эллиотт дар суханронии хеш.   Сафир инчунин  таъкид намуд: «Мехостам даъват намоям, ки натоиҷи  тадқиқоти мазкур, дар раванди қабули карорҳое мавриди истифода қарор гиранд, ки онҳо  дар асоси далелҳо  пешниҳод шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон дар кори таҳияи барномаҳои беҳтарин баҳри қишрҳои ниёзмандтарини аҳолӣ мусоидат намоянд».

Лоиҳаи “Тадқиқоти Тиббӣ-демографӣ” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки амалишавии он бо дастгирии мардуми Амрико имконпазир гашт.  Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳои мухталиф ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути  дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.