Ташаббусҳои USAID дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ дар Хатлон

Рӯзи 19-уми ноябр, Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт, Роҳбари ҳайати минтақавии USAID оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сафир Ҷонатан Эддлтон, Мудири Бахши шӯъбаи кишоварзии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабуров, Вазири мелиоратсия ва об Раҳмат Бобокалонов, ҷонишини якуми Вазири кишоварзӣ Суюнхон Рустамов ва ҷонишини Раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Раҷабалӣ Раҷабов барои […]

ASIA-Plus


Рӯзи 19-уми ноябр, Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт, Роҳбари ҳайати минтақавии USAID оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сафир Ҷонатан Эддлтон, Мудири Бахши шӯъбаи кишоварзии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабуров, Вазири мелиоратсия ва об Раҳмат Бобокалонов, ҷонишини якуми Вазири кишоварзӣ Суюнхон Рустамов ва ҷонишини Раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Раҷабалӣ Раҷабов барои ҷалби таваҷҷуҳ ба дастовардҳо дар самти амнияти озуқа дар Тоҷикистон ва оғози лоиҳаҳои нав дар доираи фаъолиятҳои ташаббуси USAID «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ба шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф оварданд.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, бо таъкиди зарурати амалӣ гардонидани чорабиниҳои вобаста ба таъмини ғизо ва фаъолияти марбута ба беҳтар намудани вазъ бо амнияти озуқаворӣ, сафир Эллиотт қайд кард: «Кӯшишҳо рочеъ ба якҷоя кардани барномаҳои кишоварзӣ ва ғизо баҳри мусоидат ба дарёфти ҷомеаҳои боз ҳам солимтар, босамартар ва устувортар равона шудаанд.  Ин тавассути таъмини дастрасӣ ба озуқавории босифат ва биноан, ба баланд бардоштани сатҳи сифат ва гуногунрангии вояи ғизо мусоидат мекунад».

Дар давоми ду соли гузашта, дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби фаъолиятҳои ташаббуси USAID «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дастовардҳои зайл дарёфт гаштаанд:

1) ба фермерҳо ва хоҷагиҳои деҳконӣ барои беҳтар гардонии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, афзун кардани даромад ва беҳтар намудани вазъи озуқаворӣ дар хоҷагиҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии хурди тиҷоратӣ,  кумак расонида шуд; 2) бо мақсади мусоидат ба аҳолии деҳот, иқтидори маҳаллӣ барои тарҳрезии сохти босамари дониш дар соҳаҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ афзун гардонида шуд; 3) бо мақсади пиёда сохтани ислоҳоти кишоварзӣ бахши қонунбарорӣ низ дастгирӣ ёфт. 

Илова бар ин, USAID, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд лоиҳаи зирабти навро оғоз намудаанд: (1) Лоиҳаи «Хизматрасонии машваратӣ ба фермерҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки он ба мукаммал намудани дониш дар қисмати ғарбии Хатлон бо мақсади ташаккул додани сохторҳои маҳаллӣ баҳри иҷрои қонунгузории оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, фаъолият мекунад; (2) Лоиҳаи «Ислоҳоти замин ва аз навсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ»: ки ҳадафи аслиаш идома додани раванди бозсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ва дарки ҳуқуқҳои моликият, ки суи бозори ҳуқуқи истифодаи замин ҳидоят мекунад; ва инчунин (3) Барномаи «Саломатии модар ва кӯдак»: фаъолиятҳоеро амалӣ месозад ва тақвият медиҳад, ки дар миқёси ҷаҳонӣ барои беҳтар кардани саломатӣ ва ғизои модару кӯдак эътироф ва исбот шудаанд.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона, барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.