Ба Русия пешниҳод шудани талаботи солонаи Тоҷикистон ба сӯзишворӣ

Ҳаҷми маҳсулоти нафтие, ки Тоҷикистон воридоти онро соли 2014 аз Русия дархост мекунад, тағйир наёфта, чун соли равон 1 млн. тоннаро ташкил хоҳад дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала иттилоъ доданд, тавозуни индикативии сӯзишворӣ, ки дар он талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ дарҷ меёбад, […]

Заррина Эргашева


Ҳаҷми маҳсулоти нафтие, ки Тоҷикистон воридоти онро соли 2014 аз Русия дархост мекунад, тағйир наёфта, чун соли равон 1 млн. тоннаро ташкил хоҳад дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала иттилоъ доданд, тавозуни индикативии сӯзишворӣ, ки дар он талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ дарҷ меёбад, Вазорати энергетикаи Русия дастрас ва ба баррасии он шурӯъ намудааст. Ахири соли 2012 низ Тоҷикистон аз Русия воридоти 1 млн. тонна маҳсулоти нафтиро дархост намуда буд, ки 610 ҳазор тоннаашро бензину сӯзишвории дизелӣ ташкил дода буданд.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 302 ҳазору 827 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Дар ин давра нархи миёнаи 1 тонна сӯзишворӣ ба 1 ҳазору 50 доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба соли пешин 74 доллари ИМА поинтар мебошад. Аз ҳаҷми умумии воридот 107 ҳазору 726 тоннашро бензин (бо нархи миёнаи 981 $ барои 1 тонна), 117 ҳазору 580 тоннашро сӯзишвории дизелӣ (бо нархи миёнаи 1 ҳазору 14 $ барои 1 тонна), 47,6 ҳазор тоннашро сӯзишвории реактивӣ (бо нархи миёнаи 1 ҳазору 370 $ барои 1 тонна) ва боқимондаро мазут, битум ва равғанҳои молидании мошинӣ ташкил додаанд.

Тӯли моҳҳои январ-октябри соли равон ҳиссаи Қирғизистон дар бозори воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон – 45,4% (137 ҳазору 497 тонна бо нархи миёнаи 899 $ барои 1 тонна), ҳиссаи Русия – 36,9% (111 ҳазору 761 тонна бо нархи миёнаи 1 ҳазору 241 $ барои 1 тонна), ҳиссаи Қазоқистон – 6,6% (19,8 ҳазор тонна бо нархи миёнаи 891 $ барои 1 тонна), ҳиссаи Туркманистон – 6% (18 ҳазору 125 тонна (бо нархи миёнаи 1 ҳазору 346 $ барои 1 тонна) ва ҳиссаи Белорус – 5% (115 тонна бо нархи миёнаи 1 ҳазору 426 $ барои 1 тонна)-ро ташкил дода, ҳамчунин аз Озарбойҷону Украина ва дигар кишварҳо низ ба миқдори начандон зиёд маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуданд.

«Боҷи содиротӣ барои маҳсулоти нафтиашро Русия барои Тоҷикистон муваққатан бекор кард ва мо умедворем, ки ояндаи наздик ба Тоҷикистон сӯзишвории бидуни боҷ дастрас мегардад ва аз ин рӯ, гумон дорем, ки нархи бензин ва дигар маводи сӯхти аз Русия воридшуда тадриҷан поин хоҳад рафт», – гуфтанд дар вазорати энергетика.

Шурӯъ аз моҳи майи соли 2010 Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия бо назардошти пардохти боҷи содиротӣ оғоз кард. То ин замон воридот аз рӯи меёъри баробар ба сифр сурат мегирифт. Боҷи содиротиии гумрукиро Русия барои кишварҳое ҷорӣ намуд, ки ба Иттиҳоди гумрукии Русияву Белоруссия ва Қазоқистон шомил нестанд. Ҳиссаи боҷи содиротӣ дар арзиши як тоннаи маводи сӯзишворӣ 30-40%-ро ташкил медиҳад.

То замони ҷорӣ гардидани боҷи содиротии гумрукӣ ҳисаи Русия дар бозори воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 92%-ро ташкил дода, он замон Қирғизистон дар ин бозор ҳузури назаррасе надошт. Дар муддати камтар аз 3 сол Қирғизистон ба кишвари пешсафи воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон табдил ёфта, Русия тадриҷан мавқеи худро аз даст дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки кишвари ҳамсоя худ воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ буда, ҳамасола аз Русия 1 млн. тонна маводи сӯзишворӣ мехарад. Мебояд зикр намуд, ки Қирғизистон ҳанӯз ахири соли 2010 бо Русия дар бораи таҳвили бидуни боҷи маводи сӯзишворӣ мувофиқа ҳосил карда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.