Ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Бурсаи Туркия

Рӯзи 21-уми ноябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии оҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафари кории худ ба Ҷумҳурии Туркия бо Волии Бурса Мунир Каралоғлу мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва […]

ASIA-Plus


Рӯзи 21-уми ноябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии оҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафари кории худ ба Ҷумҳурии Туркия бо Волии Бурса Мунир Каралоғлу мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, коркарди маъдан, бофандагӣ, саноат, сайёҳӣ ва ҷалби сармояи ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон табодули назар карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бурса Али Фуат Эр шаҳодатномаи Консули фахрӣ (Экзеватура) тақдим карда шуд. Худи ҳамон рӯз иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар маросими ифтитоҳи расмии Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бурса ширкат варзид.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 300 нафар, аз ҷумла намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Туркия, вакилони мардумӣ, роҳбарони корхонаҳо ва идораҳои Бурса, соҳибкорон ва намояндагони ВАО иштирок карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафар ба Туркия Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин бо соҳибкорон ва сармоягузорони Бурса мулоқот анҷом дода, соҳибкоронро бо фазо ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои обиву энергетикӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштарак шинос намуд.

Соҳибкорон ва тоҷирони Бурса ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ва фазои сармогузории Тоҷикиситон таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи саноати бофандагӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ, коркарди маъдан, соҳаи кишоварзӣ омодагии худро баён сохта, қарор кабул намуданд, ки дар моҳҳои наздик бо роҳбарии волии Бурса ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар хоҳанд намуд.

Гуфта мешавад, дар доираи ин сафар мулоқоти Ҳамроҳон Зарифӣ бо донишҷӯёни тоҷикистонии макотиби олии Бурса низ баргузор гардида, дар ҷараёни вохӯрӣ Ҳ. Зарифӣ аз таҳсил, вазъи зист, шарту шароити донишҷӯён, пурсон шуда, онҳоро барои хубу аъло хондан ва сарбаландона хатм намудани донишгоҳ ҳидоят кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.