Тамоми мансабдорони тозатаъини ҳукумат аъзои ҳизби ҳокиманд

Тамоми мансабдорони наве, ки бо фармони президент ба ҳайати нави ҳукумат таъин шуданд, аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд. Ба гуфтаи, Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ, вазирони тозатаъини саноат ва технологияи  нав Шавкат Бобоев, энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева аъзои […]

Аваз Юлдошев


Тамоми мансабдорони наве, ки бо фармони президент ба ҳайати нави ҳукумат таъин шуданд, аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд.

Ба гуфтаи, Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ, вазирони тозатаъини саноат ва технологияи  нав Шавкат Бобоев, энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева аъзои ҳамин ҳизбанд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки вазирони аз ин мансабҳо сабукшуда – Гул Шералӣ, Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Маҳмадамин Махмадаминов низ дар сафи аъзогии ҲХДТ қарор доштанд.

Танҳо вазири нави мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, роҳбарони аз нав таъиншудаи ВКД Рамазон Раҳимов ва КДАМ Саймӯмин Ятимов ғайриҳизбӣ мебошанд, зеро қонунгузории кишвар узвияти кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба аҳзоби сиёсиро манъ мекунад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.