Интихоби роҳбари нав ба бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Конфронси ҳисоботиву интихоботии шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гашт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар конфронс Наимҷон Самиев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд доир ба бурду бохти шуъба дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод. Ҳамчунон, Мирзоолим Ҳамдамов, раиси комиссияи тафтишотии шуъба доир ба фаъолияти ҳайат ба […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Конфронси ҳисоботиву интихоботии шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гашт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар конфронс Наимҷон Самиев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд доир ба бурду бохти шуъба дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод. Ҳамчунон, Мирзоолим Ҳамдамов, раиси комиссияи тафтишотии шуъба доир ба фаъолияти ҳайат ба аъзои конфронс гузориш пешниҳод кард.

Вакилони конфронс ҳайати раёсати ҷадиди шуъбаи вилоятӣ ва комиссияи тафтишотии онро интихоб намуданд. Илҳомҷон Ёқубов раиси шуъбаи вилоятии ҳизб ва Нуъмониддин Шарипов раиси комиссияи тафтишотии шуъбаи вилоятӣ интихоб шуданд. Илҳомҷон Ёқубов то ба ин замон ба ҳайси роҳбари шуъбаи ҷавонон ва варзиш дар вилояти Суғд фаъолият мекард.

Дар кори конфронс раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.