Парлумон ду созишномаи бурсӣ бо АБР-ро тасдиқ кард

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ вакилон бидуни баррасӣ якдилона созишномаҳои бурсии аз ҷониби президент пешниҳодшуда миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (АБР) оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»-ро тасдиқ намуданд. Зимни шарҳи масъалаи мазкур ба вакилон муовини вазири молияи ҶТ Аламхон Наимӣ изҳор кард, ки маблағи созишномаи аввал 10 млн. доллари […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ вакилон бидуни баррасӣ якдилона созишномаҳои бурсии аз ҷониби президент пешниҳодшуда миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (АБР) оид ба лоиҳаи дуюми «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»-ро тасдиқ намуданд.

Зимни шарҳи масъалаи мазкур ба вакилон муовини вазири молияи ҶТ Аламхон Наимӣ изҳор кард, ки маблағи созишномаи аввал 10 млн. доллари ИМА буда, он ба соддатару осонкунии фаъолият дар бахши соҳибкорӣ равона шудааст ва муҳлати анҷоми он ахири соли 2016 муқаррар гардидааст.

«Аз ҷумла, хароҷоти воситаҳо барои ба итмом расонидани таъсиси Равзанаи ягона, гирифтани иҷозатнома дар соҳаи сохтмони саноати маъдани кӯҳӣ тибқи тартиби соддашуда дар назар аст», – зикр кард Наимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе» АБР ба сифати бурс 16 млн. $ ҷудо карда, ҳиссаи мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин лоиҳа 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Дар доираи лоиҳаи мазкур, ки амалисозиаш то соли 2015 идома меёбад, ба вазъи кори шабакаҳои обрасони пойтахт беҳбудӣ бахшида шуда, шаҳри Душанбе бо 76 ҳазор адад ҳисобкунакҳои обӣ таъмин карда мешавад», – афзуд муовини вазири молия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...