Зойиров: Суд фармоиши махсус «аз боло»-ро иҷро кард

Роҳбари Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки қарори суд аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» натиҷаи бесалоҳиятии судя набуда, фармоиши мушаххас аз боло аст. «Ман фикр намекунам, ки суд бар асари бесалоҳиятӣ ба чунин хулоса омад, зеро судя барои дақиқан омӯхтани парвандаи мазкур вақти зиёдеро дар […]



Роҳбари Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки қарори суд аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» натиҷаи бесалоҳиятии судя набуда, фармоиши мушаххас аз боло аст.

«Ман фикр намекунам, ки суд бар асари бесалоҳиятӣ ба чунин хулоса омад, зеро судя барои дақиқан омӯхтани парвандаи мазкур вақти зиёдеро дар ихтиёр дошт. Аз ин рӯ, ман чунин мешуморам, ки дар ин маврид судя супориши мушаххас ё фаромиши махсус аз болоро ба иҷро расонид», – зикр кард Зойиров.

Раиси ҲСДТ таъкид дошт, ки ҳеҷ кадоме аз даъвогарон субъектҳои дахлдори қонунгузории мурофиавии шаҳрвандӣ ва мурофиаи мазкур набуда, дар ин робита қабули ин аризаи даъвогӣ ба истеҳсолот аз ҷониби суд ғайриқонунӣ ва мутаносибан қарор нисбати он ҳам ғайриқонунӣ мебошад.

«Гузашта аз ин, даъвогароне, ки ҷуброни зарари маънавиро талаб карданд, ҳеҷ далели назаррасеро барои исботи он пешниҳод карда натавонистанд. Дар ин ҳолатҳо ба суд маъмулан ҳуҷҷатҳое пешниҳод мешаванд, ки дар онҳо бобати ба ин ё он гуна таъсир расонидани ин мавод ба ҳолати маънавии шахс маълумот дода мешавад ва маълумотномаи табиб ҳам барои ин далел шуда метавонист, вале даъвогарон ба ин монанд чизеро пешниҳод накарданд», – иброз дошт Зойиров.

Ба қавли ӯ, дар мақола ба ҷуз аз Бозор Собир, ному насаби мушаххаси дигар намояндагони зиёиён зикр нагардида буд. «Дар ин қазия танҳо Бозор Собир ҳуқуқи маънавӣ дошт, ки барои нашри ин мақола ба суд аризаи даъвогӣ пешниҳод намояд, вале на ба ҳеҷ ваҷҳ ин субъектҳо, ки имрӯз барои ҳимояти шаъну эътибори худ кӯшиш мекунанд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми феврал суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»

қарор содир намуда

, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри раддия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.

Муҳаррири газетаи «Азия-Плюс», муаллифи мақолаи

«Неинтеллигентно об интеллегенции»

Олга Тутубалина дар ин маврид изҳор намуд, ки қарори суд аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» ба нафъи даъвогарон боз як аломати

маҳдудияти озодии баён

дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.