Сардори Хадамоти алоқа ному насабашро иваз кард

Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров ному насбашро ба Бег Сабур иваз кард. Аз хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тағйири ному насаби сардори хадамот дар доираи талаботи қонун «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» сурат гирифтааст. Қобили зикр аст, ки тайи ду моҳи ахир […]



Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров ному насбашро ба Бег Сабур иваз кард.

Аз хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тағйири ному насаби сардори хадамот дар доираи талаботи қонун «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» сурат гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки тайи ду моҳи ахир аксари мансабдорони воломақоми ҳукумати Тоҷикистон ному насабҳои худро ба шакли тоҷикӣ иваз карданд. Чанде қабл вазири тандурустии Тоҷикистон низ ному насабашро ба шакли номгузории тоҷикӣ иваз кард. Акнун Салимов Нусратулло Файзуллоевич аз рӯи ҳуҷҷатҳо Нусратуллои Файзулло номида мешавад. Як зумра раисони шаҳру навоҳии

вилояти Суғд

низ ному насабашонро иваз карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2007 пас аз ивази ному насаби худ аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар аз сокинони ҷумҳурӣ даъват кард, ки ба ӯ пайравӣ кунанд. Он замон як гурӯҳи муайяни мансабдорони давлатӣ ин даъватро пазируфта, ному насаби худро тағйир доданд. 

Аввали моҳи январи соли равон прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар як мақолаи худ дар нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» аз коҳиши рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар ва аз коҳиши ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ миёни шаҳрвандон

изҳори нигаронӣ

намуд. Пас аз ин ҷараёни ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ бештар тақвият ёфт.

Акнун раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев – Самӣ Шариф, директори Агентии зиддифасод Фаатоҳ Саидов – Абдуфаттоҳи Ғойиб, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофова – Гавҳар Шарофзода ва вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов – Қосими Раҳбар номида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.