Наҷотбахшони тоҷик техникаи махсусро муаррифӣ карданд

Рӯзҳои 26-28 феврал дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ машқи зимистонаи тактикии махсус оид ба корҳои кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ дар ду давра ташкилу баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ, дар машқи мазкур дастаҳои зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, […]



Рӯзҳои 26-28 феврал дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ машқи зимистонаи тактикии махсус оид ба корҳои кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ дар ду давра ташкилу баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ, дар машқи мазкур дастаҳои зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Маркази наҷотдиҳӣ ва ҳайати шахсии яке аз қисмҳои низомии Кумита иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, даври аввал омӯзонидани ҳайати шахсии ҷалбгардида оид ба истифодаи автомашинаҳои махсуси ҳозиразамонро дарбар гирифта, даври дуюм дар пойгоҳи Маркази таълимию-методӣ тариқи амалӣ баргузор гардид.

Дар пойгоҳи Маркази таълимию методӣ ҳамчунин маросими муаррифии техникаву таҷҳизоти таъиноти садамавӣ ва наҷотдиҳии Кумита низ доир гардид.

Сардори Маркази наҷотбахшӣ полковник Олег Пелкевич дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадафи аслии тамрин ва муаррифии техникаву таҷҳизоте, ки имрӯз дар ихтиёри Кумита қарор доранд, аз наздик ошно гардидан бо тарзи кори онҳо ва бевосита ҳосил шудани малакаҳои идораи онҳо зимни ҳолатҳои фавқулода мебошад.

О.Пелкевич ҳамчунин зикр кард, ки ҳамаи наҷотдиҳандагоне, ки дар тамринҳо ширкат карданд, мувофиқи талаботи байнулмилалӣ аз давраҳои омӯзишӣ ва аттестатсия гузаштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.