Ятимон аз пардохти маблағи имтиҳони дохилшавӣ ба макотиби олӣ озод шуданд

Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тартиби имтиёзҳоро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муаяйн кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ (ММТ), аз рӯйи қарори баррасишуда довталабоне, ки падару модарашон вафот кардаанд, пурра аз пардохти маблағ озоданд ва довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд. […]

ASIA-Plus



Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тартиби имтиёзҳоро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муаяйн кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ (ММТ), аз рӯйи қарори баррасишуда довталабоне, ки падару модарашон вафот кардаанд, пурра аз пардохти маблағ озоданд ва довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд. танҳо 50% аз маблағи муқарраршударо мепардозанд.

Ба иттилои мнабаъ, қарори мазкур ҳангоми бақайдгирии довталабон дар сурати пешниҳоди нусхаи асли ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки мақомоти давлатии ваколатдор додааст, аз ҷониби Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба инобат гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки феълан барои сабтиноми довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар Бадахшон 1 нуқта таъсис дода шудааст. Бақайдгирии довталабон 1-уми март оғоз гардида, то 15-уми апрел идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки ахиран дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон

арзиши хизматрасонии

имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) 150 сомонӣ муайян шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.