Екатеринбург: Боздошти тоҷикон бо пулҳои қалбакӣ

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар тайёр кардан ва истифодаи пулҳои қалбакӣ боздошт шудаанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, Шерзод С.-и 25-сола ва Шероз С.-и 28-сола ба шаҳри Истаравшан дар ҳаҷми беш аз 100 ҳазор рубли русӣ бо пулҳои қалбакии 5-ҳазор рублӣ […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Екатеринбурги Русия ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар тайёр кардан ва истифодаи пулҳои қалбакӣ боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, Шерзод С.-и 25-сола ва Шероз С.-и 28-сола ба шаҳри Истаравшан дар ҳаҷми беш аз 100 ҳазор рубли русӣ бо пулҳои қалбакии 5-ҳазор рублӣ маблағ интиқол додаанд.

Баъди ин онҳо аз як мағозаи хӯрокворӣ маҳсулот харида, он ҷо ҳама боз бо як пули 5-ҳазор рублӣ ҳисобу китоб кардаанд, аммо фурӯшанда-хазинадори ин мағоза ба аслӣ будани ин пул шубҳа бурда, посбонони мағозаро даъват кардааст ва онҳо дар навбати худ ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кардаанд.

Кормандони пулиси ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда онҳоро ба шуъбаи пулис оварда, аз онҳо дар маҷмӯъ боз 21 адад пули 5 ҳазор рубли қалбакиро мусодира кардаанд. Кормандони пулис маълум кардаанд, ки онҳо дар яке аз иншооти сохтмонӣ кор карда, дар хонаи иҷора иқомат доштаанд.

Мақомоти тафтишоти пулис аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 186, қ. 1-и КҶ Русия – тайёр кардан, нигоҳдорӣ, интиқол ё фурӯши пулҳои қалбакӣ ё коғазҳои қимматнок парвандаи ҷиноӣ боз намуда, мутобиқи ин модда то 8 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.