«Истиқлол» ба Суперҷоми футболи Тоҷикистон соҳиб шуд

Дар пайи ба даст овардани Ҷоми Федератсия дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба Суперҷоми футболи Тоҷикистон низ соҳиб шуд. Дар вохӯрӣ миёни ин даста ва чемпиони мавсими гузаштаи футболи Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ футболбозони душанбегӣ бо ҳисоби калонӣ 5 бар 0 бар ҳарифонашон дастболо шуда, бори чаҳорум ба Суперҷоми футболи кишвар дастёб шуданд. […]



Дар пайи ба даст овардани Ҷоми Федератсия дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба Суперҷоми футболи Тоҷикистон низ соҳиб шуд.

Дар вохӯрӣ миёни ин даста ва чемпиони мавсими гузаштаи футболи Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ футболбозони душанбегӣ бо ҳисоби калонӣ 5 бар 0 бар ҳарифонашон дастболо шуда, бори чаҳорум ба Суперҷоми футболи кишвар дастёб шуданд.

Дар вазъи тантанавӣ Суперҷомро ба капитани дастаи «Истиқлол» Дилшод Восиев президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер тақдим кард, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Соли гузашта дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дода, Суперҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст оварда буд. То ин дам се дафъа дар вохӯриҳо барои дарёфти Суперҷом дастаи «Истиқлол» ғолиб омада буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.