Нокомии боксчиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо ва роҳхатҳо ба Олимпиадаи дувуми наврасон маҳрум шуданд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рӯзи аввали мусобиқа, 14-уми апрел, Умед Ёқубов дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар […]

ASIA-Plus



Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо ва роҳхатҳо ба Олимпиадаи дувуми наврасон маҳрум шуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рӯзи аввали мусобиқа, 14-уми апрел, Умед Ёқубов дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Павел Фёдорови русиягӣ бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрда буд.

Нурмуҳаммади Ашӯралӣ, ки 15-уми апрел дар даври аввал дар вазни то 56 кг бар Аҳмад Алтинас аз Швейтсария бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд, дар даври баъдӣ 18-уми апрел аз Тамма Салим аз Алҷазоир бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт.

Шаббос Неъматуллоев, ки 16-уми апрел дар даври аввал дар вазни то 69 кг бар Ракан Нассар аз Урдун бо ҳисоби 3-0 ғолиб омада буд, дар даври баъдӣ 19-уми апрел аз Ҷавиер Эстрада аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.

Меҳрубон Сангинов, ки дар даври аввал дар вазни то 75 кг бар  Аҳмад Ал-Маҳдавӣ аз Ироқ бо ҳисоби 2-1 дастболо шуд, дар даври баъдӣ 20-уми апрел аз Козимбек Мардонов аз Ӯзбакистон бо ҳисоби 0-3 ноком шуд.

Меҳроб Иброҳимов, ки нахустин қувваозмоияшро дар вазни то 81 кг 19-уми апрел бо Милос Велетик аз Босния ва Ҳерсеговин бо пирӯзӣ бо ҳисоби 3-0 анҷом дод, дар даври дувум аз Виддал Рилей аз Бритониёи Кабир бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.

Далерҷон Сулаймонов17-уми апрел дар рақобатҳо дар вазни беш аз 91 кг дар даври аввал аз Елдос Қодирбоев аз Қазоқистон бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, ҳамаи шаш муштзани ҷавони тоҷик, ки ба ҳайати мунтахаби кишвар дохил буданд, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Булғористон то рӯзи 24-уми апрел идома меёбад, теъдоди рекордии варзишгарон –  606 нафар (506 писар ва 100 духтар) аз 105 кишвар ширкат доранд. Ин охирин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мебошад. Ғолибону ҷоизадорон, инчунин онҳое, ки ҷойҳои чорум ва панҷумро мегиранд, соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.