Барррасии масъалаи бозомӯзии кадрҳо дар вохӯрии роҳбари АНМН бо ҳайати баҳодиҳии СММ

Рӯзи 2-юми июни соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ бо ҳайати баҳодиҳии Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, директори Агентӣ бо […]

ASIA-Plus



Рӯзи 2-юми июни соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ бо ҳайати баҳодиҳии Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷиҳати дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, директори Агентӣ бо меҳмонон рафти таҳияи Барномаи минтақавиро муҳокима намуда, ишора кард, ки ҳангоми банақшагирии Барнома ба паҳлӯҳои мусбӣ ва манфии он бояд диққат дод. Ӯ инчунин зарурияти омӯзиш ва аз нав омода намудани мутахассисони соҳаи назорати маводи нашъаовар,нашр намудани шиору овезаҳои зиддимухаддиротӣ, омода намудани роликҳои иҷтимоӣ, омӯзонидани ҳайати маркази наркологӣ бо усулҳои нави муолиҷа таъкид намуд.

Роҳбари Агентӣ қайд намуд, ки солҳои охир ҳамкории байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ рушд ёфт.

Инчунин қайд гардид, ки ҳамкориро байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи пешгирии интиқоли маводи нашъаовар ба сатҳи баландтар бардоштан зарур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.