Хатлон: Маблағҳои шартномавии «Барқи тоҷик»-ро волидайни донишҷӯён пардохтанд

То ба имрӯз қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (ДЭТ) 345 ҳазору 892 сомониро ташкил додааст. Бино ба гуфтаи ректори ДЭТ, Хайрулло Назаров, тайи ду сол аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» бо сабаби мушкили молияш ба донишкада ягон сомонӣ маблағ нагузарондааст. «Мо шартномаи дутарафа дорем ва ширкати «Барқи тоҷик» дар назди ДЭТ беш […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



То ба имрӯз қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (ДЭТ) 345 ҳазору 892 сомониро ташкил додааст.

Бино ба гуфтаи ректори ДЭТ, Хайрулло Назаров, тайи ду сол аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» бо сабаби мушкили молияш ба донишкада ягон сомонӣ маблағ нагузарондааст. «Мо шартномаи дутарафа дорем ва ширкати «Барқи тоҷик» дар назди ДЭТ беш аз 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти донишкада маҷбур шудааст, волидайни донишҷӯёнеро, ки мувофиқи шартномаи «Барки тоҷик» дар ДЭТ таҳсил мекунанд, даъват карда, шарт гузорад, ки дар сурати напардохтани маблағи таҳсили фарзандонашон, аз донишкада хориҷ карда мешаванд.

«Волидайн розӣ шуда, маблағҳои шарномавиро пардохт намуданд, ки дар маҷмӯъ беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», – изҳор дошт ректори донишкада.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.