Сафари ҳунармандони тоҷик ба Қирғизистон дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо

Ҳашт ҳунарманди тоҷик барои иштирок дар чорабиниҳои Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” таҳти маблағгузории муштарак ва амалиёт аз тарафи ташкилоти Cesv, ба Бишкек сафар мекунанд. Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, косибон, аъзоёни Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) аз Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Истаравшан ва Хоруғ […]



Ҳашт ҳунарманди тоҷик барои иштирок дар чорабиниҳои Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” таҳти маблағгузории муштарак ва амалиёт аз тарафи ташкилоти Cesv, ба Бишкек сафар мекунанд.

Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, косибон, аъзоёни Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) аз Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Истаравшан ва Хоруғ гирд омада, ҳунармандони соҳаи кулолӣ, чўбтарошӣ, истеҳсоли намад ва маҳсулоти ҷавоҳирӣ мебошанд. Онҳо дар семинари амалии ҳафтрӯза имкони мубодилаи таҷриба доранд, ва семинар аз тарафи дизайнери итолиёвӣ роҳбаладӣ мегардад. Ҳунармандони тоҷик ҳамроҳи чор ҳамкасбони қирғизи худ дар устохонаҳои онҳо вохӯрда, таҳти назорати мутахассиси аврупоӣ якҷоя маҳсулоти наверо истеҳсол менамоянд, ки беҳтарин тарзу усули косибии миллии тоҷику қирғизро инъикос намуда, аз нигоҳи дизайни муосири аврупоӣ инкишоф дода шудааст.

Семинар аз 21 то 27 июл идома ёфта, рӯзи 24 июл ҳунармандони тоҷик имконият доранд, ки дар конфронси байналхалқии “Ҳамкории минтақавӣ ҳамчун рукни асосии пешбарии ҳунармандии Осиёи Марказӣ дар бозорҳои фурўшии байналхалқӣ” иштирок варзанд. Конфронс ҳунармандон, мансабдорони давлатӣ, мутахассисони осиёгӣ ва аврупоиро барои муайян намудани стратегияи беҳтар намудани дастрасии ҳунармандони Осиёи Марказӣ ба бозори хориҷӣ ба ҳам оварда, расман IX-умин фестивали байналхалқии “ОЙМО”-ро мекушояд.

Фестивал “ОЙМО” аз тарафи CACSARC-Kg – корхонаи пешсаф дар соҳаи ҳунармандии Қирғизистон ташкил гардида, чорабинии босуботест, ки тӯли 2 ҳафта давом ёфта, ҳар сол ҳунармандон ва сайёҳони зиёдеро аз Осиёи Марказӣ ва Аврупо ҷалб менамояд. Соли ҷорӣ фестивал тариқи маблағгузории молиявӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, кӯмаки Cesvi ва ташкилоти шарики қирғизи он “Клуби Хизматии Бишкек” (Бишкекский Деловой Клуб) барпо гардидааст. Ба шарофати саъйю кӯшиши байни лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва CACSARC-Kg, ҳунармандони тоҷик 28 июл ба Чолпон Ата, соҳили Иссиқ-кӯл, сафар мекунанд ва давоми як ҳафта имконият доранд беҳтарин маҳсулоти худро дар намоишгоҳи боэътибори ярмаркаи ҳунармандии “ОЙМО” пешкаш намоянд.

Лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” дар давоми 2 сол амалӣ гашта, дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ – Инвест” маблағгузорӣ гардида, ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар рушти соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.