Эҳтимоли кам шудани муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ то 1,5 сол

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар таҳрири нав мавриди таҳия қарор дошта, ба ин гурӯҳ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ шомиланд. Муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки оид ба ин масъала пешниҳодоти зиёд ворид мешаванд […]



Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар таҳрири нав мавриди таҳия қарор дошта, ба ин гурӯҳ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ шомиланд.

Муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки оид ба ин масъала пешниҳодоти зиёд ворид мешаванд ва айни замон вариантҳои гуногуни он мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

«Аз ҷумла пешниҳод оид ба кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ аз 2  то 1,5 сол мавҷуданд, – гуфт ӯ. – Ҳамчунин бекор кардани як қатор имтиёзҳое, ки барои даъват ба хизмати ҳарбӣ монеъа эҷод мекунанд, низ пешниҳод мешавад. Масалан, бекор кардани ба таъхир андохтани даъват ба хизмати ҳарбӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимоти миёнаи умумӣ ва таълимоти миёнаи касбӣ пешниҳод мегардад. Ин ҷо сухан сари он меравад, ки бисёриҳо ба ин муассисаҳо танҳо бо мақсади хизмат накардан дохил мешаванд. Табиист, ки онҳо ба дарсҳо ҳозир нашуда, танҳо дар қайди ҳамин муассисаҳо мебошанд. Айни замон дар ин муассисаҳо 56 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумор ҳамагӣ 10-15%-ашон дар машғулиятҳо иштирок мекунанд».

Ба гуфтаи муовини вазири адлия, пешниҳодоте ҳам мавҷуданд, ки дар онҳо қабул ба кори давлатӣ танҳо пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ мешавад.

«Мавриди зикр аст, ки пешниҳоди мазкурро қариб ҳамаи аъзои комиссия ҷонибдорӣ мекунанд, – иброз дошт ӯ. – Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳар каси хоҳишманди фаъолият намудан дар мансаби давлатӣ бояд сараввал хизмати ҳарбиро адо намояд».

Дар идома Холиқзода қайд кард, ки аъзои гурӯҳи корӣ зимни таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дар навбати аввал ҳалли мушкилоти норасоии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ва комилан даст кашидан аз методҳои ба истилоҳ маҷбуран даъват кардан (облава)-ро ба инобат мегиранд.

Муовини вазири адлия ҳамчунин илова намуд, ки анҷоми таҳияи қонуни мазкур дар тахрири нав аввали соли оянда дар назар буда, он ба баррасии қишри васеи ҷомеа пешкаш мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.