Беш аз 5 млн. $ баҳри беҳбуди дастрасии аҳолии Суғд ба оби нӯшокӣ

Дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо директори лоиҳаи Таъминоти оби нушокӣ ва беҳдошти санитарии деҳот дар водии Фарғона – Оливер Норманд, ки рӯзи 23 июл сурат гирифт, масъалаи ҳамкориҳои минбаъда дар самти тадбиқи марҳилаи навбатии ин лоиҳаи барои хоҷагии қишлоқи  вилоят муҳим арзёбӣ гардиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, лоиҳаи […]



Дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо директори лоиҳаи Таъминоти оби нушокӣ ва беҳдошти санитарии деҳот дар водии Фарғона – Оливер Норманд, ки рӯзи 23 июл сурат гирифт, масъалаи ҳамкориҳои минбаъда дар самти тадбиқи марҳилаи навбатии ин лоиҳаи барои хоҷагии қишлоқи  вилоят муҳим арзёбӣ гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, лоиҳаи дар заминаи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маъмурияти Конфедератсияи Шветсария оид ба дастрасӣ ба оби тоза дар қисми шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.

Шурӯъ аз соли 2007 Котиботи байналхалқии об дар Тоҷикистон  марҳилаи аввали ин лоиҳаро бо маблағгузории Ташкилоти шветсариягии рушд ва ҳамкорӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар ҳаҷми 4,1 миллион доллари ИМА азхуд карда шуда, барои беҳдошти вазъи таъминоти оби нушокӣ ва беҳдошти саломатии аҳолии 6 ҷамоати шаҳр мусоидат намудааст.

Раиси вилояти аз раванди ҳамкорӣ бо лоиҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ кард ва таъкид намуд, ки амалисозии ин лоиҳа барои вилоят хеле муҳим аст. Зеро танқисии оби нушокӣ барои хусусан аҳолии деҳоти минтақа аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, ки муроҷиати зиёди шаҳрвандон дар рузҳои қабул аз ин далолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин самт пешниҳодҳои заруриро барои ин лоиҳа ба миён мегузорад ва минтақаҳои нисбатан муҳим барои тадбиқи он шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳу Истаравшан, Ғончию Зафаробод, Исфараю Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ мебошанд.

Оливер Норманд барои пазироӣ изҳори сипос кард ва афзуд, ки дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии саривақтии ин лоиҳа, ки мақсади он дастрасии мардуми деҳот бо оби тозаи нушокӣ ва беҳдошти саломатии омма мебошад, мусоидат мекунад. Лоихаи нав бо харҷи бештар аз 5 миллион доллари ИМА дар марҳилаи аз соли 2014 то 2017-ро дар бар гирифта, бо истифодаи сарчашмаҳои имконпазири об ва барқарорсозии хатҳои обтаъминкунӣ дар ду минтақаи интихобгардидаи вилоят вазъи таъминот бо оби нушокиро беҳтар мегардонад. Тибқи ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои маориф ва тандурустӣ инчунин чиҳати беҳдошти саломатии мардуми деҳот машғулиятҳои омузишӣ гузаронида шуда, дар мактабҳо, нуқтаҳои тиббӣ ва кудакистонҳо дастшуй ва зарфҳои гигиенӣ гузошта мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.