Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сармоягузор ҷустуҷӯ дорад

Тоҷикистон барои амлисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар сармоягузор ҷустуҷӯ дорад. Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки маблағгузории лоиҳа дар қаламрави Афғонистонро Бонки ҷаҳонӣ пурра ба зимма гирифта, Покистон барои сохтмони қитъаи лоиҳа дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Тоҷикистон барои амлисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар сармоягузор ҷустуҷӯ дорад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки маблағгузории лоиҳа дар қаламрави Афғонистонро Бонки ҷаҳонӣ пурра ба зимма гирифта, Покистон барои сохтмони қитъаи лоиҳа дар қаламрави кишвараш ба маблағгузории мустақилона аз ҳисоби воситаҳои худӣ қодир аст, вале Тоҷикистону Қирғизистонро дарёфти воситаҳо аз хориҷи кишвар зарур меояд.

Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони қитъаи тоҷикистонии лоиҳа каме бештар аз 300 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. «Сохтмони ду хатти интиқол – хатти интиқоли ҷараёни тағйирёбанда ба масофаи 115 километр аз Регар то нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва хатти интиқоли ҷараёни доимӣ ба масофаи 116 километр аз Сангтӯда то марзи Афғонистон пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар қаламрави Тоҷикистон насби зеристгоҳи барқии табдили ҷараёни барқи тағйирёбандаву мунтазам зарур аст, ки таҷҳизоташ хеле гарон буда, ҳудуди 150 млн. доллари ИМА арзиш дорад», – гуфт Усмонзода.

Вазир қайд кард, ки барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000  Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 45 млн. $ бурсро маъқул шуморида, ғайр аз ин, ҳиссаи Тоҷикистон 15 млн. $ ва ҳамчунин ҳукумати ИМА тариқи USAID бо 7,5 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.

«Мо ба дигар ниҳодҳои байнулмилалӣии молӣ, аз ҷумла Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Фонди рушди Кувайт ва дигар фондҳои арабӣ муроҷиат кардем. Бонки исломии рушд ба ҷудо кардани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 70 млн. долллари ИМА розӣ аст ва масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои мудирони ин бонк ахири моҳи август баррасӣ мешавад», – иброз дошт Усмонзода.

Ӯ таъкид дошт, ки дар баробари ҷустуҷӯи сармоягузорон ба лоиҳа, ҳамзамон корҳои дарёфти паймонкори сохтмони лоиҳа низ ҷараён доранд.

Вазир зикр кард, ки ояндаи наздик аз ҷониби кишварҳои иштирокчии лоиҳа имзои Созишномаи генералӣ ва санадҳо оид ба фурӯш ва интиқоли нерӯи барқ дар назар аст.

«Тамоми ин ҳуҷҷатҳо омода ва дар сохторҳои дохилии давлатҳо мавриди мувофиқа қарор доранд. Умедворем, ки дар даҳаи аввали моҳи август ҳамаи ин аснод маъқул шуморида шуда, нимаи моҳи август бошад, вохӯрии намояндагони кишварҳои иштирокчии лоиҳа ва имзо санадҳои мазкур пешбинӣ шудааст», – гуфт вазир.

Зимнан зикр гардид, ки то ахири соли равон таҳияи комили ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар назар аст, то ки аввали соли оянда паймонкор интихоб гарлдида, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон оғоз карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.