Дар Тоҷикистон шумори иҷрочиёни судиро афзуданианд

Зимни нишасти хабарии рӯзи 23-юми июл вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор намуд, ки дар масъалаи иҷрои қарорҳои судӣ вазорат ба мушкилӣ дучор аст. Ӯ зикр кард, ки бо мақсади иҷрои пурсамари қарорҳои судӣ, соли 2008 истеҳсолоти иҷро аз тобеъияти Суди олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлия ба ихтиёри Вазорати адлия гузаронида шуд. «Дар ин самт […]



Зимни нишасти хабарии рӯзи 23-юми июл вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор намуд, ки дар масъалаи иҷрои қарорҳои судӣ вазорат ба мушкилӣ дучор аст.

Ӯ зикр кард, ки бо мақсади иҷрои пурсамари қарорҳои судӣ, соли 2008 истеҳсолоти иҷро аз тобеъияти Суди олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлия ба ихтиёри Вазорати адлия гузаронида шуд.

«Дар ин самт мо ба баъзе мушкилотҳо дучор мешавем, ки яке аз онҳо норасоии иҷрочиёни судӣ мебошад», – иброз дошт вазир.

Р.Шоҳмурод таъкид намуд, ки аз нигоҳи назария шумори судяҳо бояд ба шумори иҷрочиёни судӣ баробар бошад, вале дар Тоҷикистон шумори судяҳо нисбат ба иҷрочиёни судӣ хеле зиёдтар аст.

«Имрӯз шумори судяҳо дар ҷумҳурӣ 394 ва иҷрочиёни судӣ ҳамагӣ 233 нафарро ташкил медиҳад, вале бояд ба ҳар як судя ҳадди ақал 1 иҷрочии судӣ рост ояд», – гуфт вазир адлия ва илова намуд, ки феълан яке аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт афзудани шумори иҷрочиёни судӣ маҳсуб меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.