AI: Ба Содиқови озодшуда то ҳанӯз хавфи ҳабс вуҷуд дорад

– Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Александр Содиқов, ки санаи 22-юми июл бо шарти тарк накардани маҳалли зист аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон озод карда шуд, то ҳанӯз шахсе боқӣ мемонад, ки рӯ ба рӯ бо хавфи ба ҳабс гирифтан қарор дорад, – изҳор мекунад созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (Афви Байнулмилал). Дар изҳороти пахшшудаи […]



– Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Александр Содиқов, ки санаи 22-юми июл бо шарти тарк накардани маҳалли зист аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон озод карда шуд, то ҳанӯз шахсе боқӣ мемонад, ки рӯ ба рӯ бо хавфи ба ҳабс гирифтан қарор дорад, – изҳор мекунад созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (Афви Байнулмилал).

Дар изҳороти пахшшудаи созмон дар ин робита зикр мегардад, ки баъди озодӣ аз тавқифгоҳ Александр Содиқов дар мусоҳиба гуфтааст, ки мавриди кирдори бераҳмона қарор нагирифта, айбномаҳо нисбати ӯ бекор нашудаанд ва тафтиш то ҳол идома дорад.

«Мутобиқи моддаи 305-и Кодекси ҷиноии ҶТ, ки бар асоси он ӯ ба «хиёнат ба давлат» гумонбар дониста мешавад, ӯ метавонад ба муҳлати аз 12 то 20 сол аз озодӣ маҳрум гардад. Дар ин робита Amnesty International бар ин назар аст, ки Александр Содиқов танҳо барои амалисозии ҳуқуқи худ ба озодии баён боздошт шудааст, зеро ӯ қонунӣ рӯйи таҳқиқоти илмии худ кор мекард, ки минбаъд бояд барои огаҳии ҷомеа интишор мегардид», – омадааст дар изҳороти созмон.

Бо ишора ба рӯзи боздошти Содиқов дар шаҳри Хоруғ, Amnesty International хотиррасон мекунад, ки дарҳол баъди тариқи телевизиони ВМКБ нишон додани Содиқов шоми рӯзи 18-уми июн, аллакай рӯзи дигар раиси КДАМ Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов изҳор намуд, ки ҷосусони хориҷии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта ба халалдор намудани амният дар кишвар кӯшиш доранд.

Бино ба маълумоти Amnesty International,  афроди дар Тоҷикистон аз ҷониби кормандони КДАМ боздоштшуда, мавриди хавфи поймолкунии ҳуқуқи инсон бо шумули шиканҷаву дигар кирдорҳои бераҳмона қарор мегиранд. «Ба ҷуз ин, аксар вақт дастрасии боздоштшудагон ба адвокатҳо рад мешавад», – қайд мешавад дар изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.