Дастоварди Мавзуна Чориева дар мусобиқаи қаҳрамонии Чин

Мавзуна Чориева, муштзани машҳури тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олипиадаи Лондон-2012 дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Чин оид ба бокс медали нуқра ба даст овард.  Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дар шаҳри Гуяни Чин бо ширкати 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз 17 кишвар, бо раҳбарии Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби […]



Мавзуна Чориева, муштзани машҳури тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олипиадаи Лондон-2012 дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Чин оид ба бокс медали нуқра ба даст овард.

 Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дар шаҳри Гуяни Чин бо ширкати 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз 17 кишвар, бо раҳбарии Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси  Тоҷикистон се муштзани тоҷик  – Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов ва Светлана Веглина низ ширкат варзидаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқот миёни занон дар вазни то 60 кило Мавзуна Чориева баъди пирӯзӣ дар се қувваозмоӣ бар муштзанони Муғулистону Чин ва Тайиланд ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз аз муштазани рақами яки дастаи мунтахаби Чин Янгу Чун Хуа бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрдааст.

Светлана Веглина дар вазни то 51 кило дар давраи аввали қувваозмоиҳо аз варзишгари Кореяи Шимолӣ, ки минбаъдар ин вазн ғолиб омад, шикаст хӯрд. Дар рақобати давраи аввал дар вазни то 60 кило муштзани тоҷик Анвар Юнусов низ аз зарбаи ҳарифаш аз Қазоқистон аз сараш ҷароҳати вазнин бардошта, табибон ба идомаи қуввваозмойӣ ба ӯ иҷозат надоданд.

Акнун муштазанони тоҷик ба Бозиҳои XVII-уми Осиё, ки моҳи сентябр дар Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад омодагӣ мегиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.