Ғаллакорони тоҷик беш аз 500 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд

То имрӯз ғаллакорони Тоҷикистон 545 ҳазор тонна ҳосили гандум ва дигар зироатҳоро ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,9 сентнериро ташкил дод. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол низ ҷамъоварии ҳосил дар сатҳи соли гузашта дар назар буда, барои ин тамоми шароитҳо мавҷуданд. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 1,1 […]



То имрӯз ғаллакорони Тоҷикистон 545 ҳазор тонна ҳосили гандум ва дигар зироатҳоро ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,9 сентнериро ташкил дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол низ ҷамъоварии ҳосил дар сатҳи соли гузашта дар назар буда, барои ин тамоми шароитҳо мавҷуданд. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 1,1 млн. тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 900 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. «Ба ҷамъоварии ҳосил 227 адад мобайн сафарбар шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Қобили зикр аст, ки имсол дар кишвар ба сурати умум дар майдони 292 ҳазору 822  гектар зироати ғалладона кишт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷумҳурӣ ҳамзамон кишти такроии зироати ғалладона идома дошта, аз майдони 74,7 ҳазор гектари пешбинишуда дар 57,1 ҳазор гектар кишти такрории ин зироат анҷом дода шудааст.

Тибқи дурнамо, имсол дар Тоҷикистон 1 млн. 300 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла 890 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оварданианд.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод. Соли гузашта зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони 315,4 ҳазор тонна кишт шуда, 891,5 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуд.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, аз ин ҳаҷм ҳудуди 70% аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.