Шиносоии соҳибкорони Чин бо вазъи заминҳои Қубодиён

Як гурӯҳе аз соҳибкорони Чин бо вазъи заминҳои ноҳияи Қубодиён шинос шуданд. Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Қубодиён Саъдуло Бекназаров дар ин робита изҳор намуд, онҳо бо вазъи заминҳои мавзеъи Юлдузқоқ, ки аслан бо пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд, аз наздик шинос шудаанд. «Соҳибкорони чинӣ бо кори таҷҳизоти обкашии мо шинос гардида, ҳайрон шуданд, ки  то […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Як гурӯҳе аз соҳибкорони Чин бо вазъи заминҳои ноҳияи Қубодиён шинос шуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Қубодиён Саъдуло Бекназаров дар ин робита изҳор намуд, онҳо бо вазъи заминҳои мавзеъи Юлдузқоқ, ки аслан бо пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд, аз наздик шинос шудаанд. «Соҳибкорони чинӣ бо кори таҷҳизоти обкашии мо шинос гардида, ҳайрон шуданд, ки  то ба имрӯз мо аз дастгоҳҳои обкаши куҳнаи серхарҷи шӯравӣ истифода мебарем», – гуфт раиси ноҳия.

Бекназаров қайд кард, ки соли равон беш аз як ҳазор гектар замин  дар ноҳия бекор мондааст, ки сабаби кишт нашудани ин заминҳо норасоии об буда, дастгоҳҳои обкаш куҳнаю фарсуда ва ҳам норасоии қувваи корӣ имкон надодааст, то ки ин заминҳо кишту кор шаванд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҳоло бо соҳибкорони чинӣ ягон шартномаи мушаххасе ба имзо нарасидааст, вале умедворанд, ки онҳо ба ин мавзеъ мароқ зоҳир хоҳанд кард.

Бекназаров дар давоми сӯҳбаташ изҳор дошт, ки дар сурати сохтмони обанбори Кофарниҳони поён, ки лоиҳааш даврони шӯравӣ омода шудаву 30 дар сади корҳои сохтмониаш ба анҷом расонида шудаааст,  садҳо ҳазор гектар замин обёрӣ хоҳад шуд. «Умед дорем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри амалишавии ин лоиҳа чораҳои зарурӣ меандешад», – афзуд раиси ноҳия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.