Оғози сохтмони лӯлаи транзитии интиқоли гази «ОМ-Чин» дар Тоҷикистон

Ширкати «China road»-и Чин ба сохтмони нақбҳо барои гузаронидани лӯлаҳои газ дар Тоҷикистон оғоз кард. Аз ширкати «Тоҷиктрансгаз» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои амалисозии ҳар кадоме аз марҳилаҳои сохтмон оид ба интихоби паймонкори лоиҳаи сохтмон тендер гузаронида мешавад.  «Айни замон корҳои сохтмони нақбҳо ҷараён дошта, сипас лӯлаҳои андозаи 1219 мм ва […]



Ширкати «China road»-и Чин ба сохтмони нақбҳо барои гузаронидани лӯлаҳои газ дар Тоҷикистон оғоз кард.

Аз ширкати «Тоҷиктрансгаз» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барои амалисозии ҳар кадоме аз марҳилаҳои сохтмон оид ба интихоби паймонкори лоиҳаи сохтмон тендер гузаронида мешавад.

 «Айни замон корҳои сохтмони нақбҳо ҷараён дошта, сипас лӯлаҳои андозаи 1219 мм ва ғафсии 20 мм гузаронида мешаванд, ки чунин лӯлаҳо танҳо дар се корхонаҳои шаҳрҳои Челябински Русия, Донетски Украина ва Чин истеҳсол карда мешаванд Ҳамааш дар тендер ҳал мешавад. Моҳи октябр корҳои тадорукотии баргузории тендер ва интихоби паймонкори лоиҳаи сохтмон оғоз мегардад. Дар тендер ҳамчунин ширкатҳои Тоҷикистон, ки дар сохтмони нақбҳо таҷриба доранд, низ иштирок карда метавонанд», – зикр карданд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, дар қаламрави Тоҷикистон шоҳроҳи интиқоли газ аз Ӯзбекистон тариқи ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикообод ва Ҷирагтол то марзи Қирғизистон гузашта, аз Қирғизистон он то ба шаҳри Қошғари ноҳияи Синтзян-Уйғури Чин пайваст мешавад.

Қобили зикр аст, ки маросими расмии оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ – Чин» рӯзи 13-уми сентябр дар ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад. Дар ин маросим раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Чи Ҷинпин, ки имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори нишасти СҲШ ба Душанбе меояд, ширкат хоҳад варзид.

Моҳи марти соли равон миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодаи лӯлаи газ

созишнома

 ба имзо расид, ки барои интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин пешбинӣ шудааст.

Он замон директори ширкати «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки барои интиқоли гази Туркманистон ба Чин Тоҷикистон як кишвари транзитӣ хоҳад шуд ва масъалаи воридоти газ аз ин кишвар ба Тоҷикистон алҳол мавриди баррасӣ қарор надорад.

«Имрӯз интиқоли газ ба Чин тариқи шохаҳои А ва В – Туркманистон – Ӯзбекистон – Қазоқистон – Чин амалӣ шуда, ояндаи назик шохаи С бо масофаи 1840 километр пайваст мешавад. Шохаи алоҳидаи D аз Туркманистон тавассути Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин мегузарад», – шарҳ дода буд вай.

Ба қавли ӯ, сохтмони шохаи D аз ҷониби ширкати Чин маблағгузорӣ шуда, ширкати Тоҷикистон иштирокчии лоиҳа аст ва вазифаи ҳамиштирокчӣ аз ҳуқумати Тоҷикистонро ба иҷро мерасонад.

Дар маълумоти CNPС қайд мешавад, ки таҳияи санади арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи мазкур аллакай баҳори соли равон ба анҷом расидааст.

Қобили зикр аст, ки созишнома миёни Тоҷикистону Чин дар бораи сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон 12-уми сентябри соли 2013 дар Бишкек зимни нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба имзо расида буд. Масофаи лӯлаи интиқоли гази мазкур дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, ба истифода додани он ахири соли 2016 дар назар аст.

Таваасути ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Амалисозии ин лоиҳа имкон медиҳад, ки беш аз 3 млрд. $ сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб карда шавад. Лӯлаи интиқоли гази Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон – Чин яқинан аз кони бузурги нафту гази «Галкиниш» дар Туркманистон бо газ таъмин карда хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.