Раиси пойтахт бо соҳибкорони Душанбе мулоқот орост

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндагони доираҳои тиҷоратии пойтахт мулоқот орост. Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, раиси пойтахт ба соҳибкорон барои саҳмашон дар рушди шаҳр, дастгирии бахши иҷтимоӣ арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ онҳо […]



Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндагони доираҳои тиҷоратии пойтахт мулоқот орост.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, раиси пойтахт ба соҳибкорон барои саҳмашон дар рушди шаҳр, дастгирии бахши иҷтимоӣ арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ онҳо дар рушди иқтисоди пойтахт ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

«Раиси пойтахт таъкид дошт, ки қисми даромади буҷети шаҳр сол то сол меафзояд ва дар соли гузашта буҷети шаҳр 1 млрд. 485,2 млн сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо буҷети соли 2000-ум ба андозаи 39,3 баробар зиёдтар аст. М.Убайдуллоев қайд кард, ки соли гузашта аз ҳисоби соҳибкорон ба буҷети шаҳр 650,7 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 33,5% аз ҳаҷми умумии буҷети пойтахтро ташкил медиҳад», – гуфт Саидов.

Зимнан зикр гардид, ки раиси пойтахт ба пешниҳодоти соҳибкорони шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир карда, онҳоро ба муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии ҳарчи бештари қишрҳои камбизоати аҳолӣ даъват намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.