Ташрифи ҳайати парлумонии Туркия ба Тоҷикистон

Ҳайати парлумони Туркия, аъзои гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Туркия Мустафо Кабакчӣ, Нуриддин Небатӣ ва Умар Сухо субҳи имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф оварданд. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ҳайати парлумонии Туркияро имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур мепазирад. Зимни сафар ба […]

ASIA-Plus



Ҳайати парлумони Туркия, аъзои гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Туркия Мустафо Кабакчӣ, Нуриддин Небатӣ ва Умар Сухо субҳи имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф оварданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ҳайати парлумонии Туркияро имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур мепазирад.

Зимни сафар ба Тоҷикистон ҳайати парлумонии Туркия аз палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар боздид намуда, ҳамчунин бо дастовардҳои шоёни диққати шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Норак аз наздик шинос мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.